Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саъйи нахуствазири Покистон барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрони сиёсӣ бо раҳбарони мухолифини давлат гуфтӯгу дорад. Баъди он ки Ҳаракати муттаҳида қавмии Покистон дуввумин ҳизби бузурги сиёсӣ, ҳукумати эътилофиро тарк кард, нахуствазир ба мушкил дучор шуд. Файсал Сабзворӣ, яке аз намояндаҳои ҳизб имрӯз гуфт:"Мо аз ҳайъати ҳукумат рӯзи 27 декабр хориҷ шудем ва имрӯз тасмим гирифтем, ки дар сенат ва Шӯрои миллӣ на дар ҳайъати ҳукумат, балки дар сафи мухолифин бошем. Бо вуҷуди пайвастан ба мухолифин, мо аз иқдомоти хуби ҳукумат ҳимоят хоҳем кард." Ҳизби мазкур, афзоиши нархи маҳсулоти нафтӣ дар Покистонро сабаби пайвастан ба мухолифон гуфтанд. Покистон дар ҳоле ба бӯҳрони нави сиёсӣ рӯ ба рӯст, ки ҷанг бо Толибонро идома медиҳад ва то кунун аз паёмадҳои обхезиҳои харобиовари соли гузашта, ки ба 20 миллион нафар осеб расонд ба худ наёмадааст. Юсуф Ризо Гелонӣ имрӯз дар мулоқот бо раҳбарони аҳзоби мухолиф, имконоти ташкили ҳукумати эътилофии навро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG