Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ба ҳамсояаш


Лӣ Мюнг-бак раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, ҳушдор дод, кишвараш ба ҳаргуна таҷовузи низомии Куриёи Шимолӣ, посухи қотеъ ва шадид хоҳад дод. Айни замон ӯ гуфт, дари муколама бо Пхенян ҳамчунон боз аст. Раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, дар паёми солинавӣ гуфт, кишвараш омодаи кӯмакҳои иқтисодӣ ба Куриёи Шимолӣ аст, вале Пхенян бояд ҷиддияташ барои муколамаро нишон бидиҳанд. Баъди ҳалокати ду сарбоз ва ду шаҳрванди ғайринизомии Куриёи Ҷанубӣ дар ҳамлаи Куриёи Шимолӣ дар моҳи ноябри соли гузашта танишҳо байни ду кишвар авҷ гирифт.
XS
SM
MD
LG