Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод барои таъсиси пойгоҳҳои доимӣ дар Афғонистон


Яке аз сенаторҳои мӯътабари Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико хостори баррасии масъалаи таъсиси пойгоҳҳои низомии доимӣ дар Афғонистон шуд. Линдсӣ Граҳам, вакил аз аёлати Каролинаи Ҷанубӣ ба телевизиони “NВС” гуфт, ҳузури чанд пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон ба нафъи минтақа хоҳад буд ва ба нерӯҳои амниятии афғон дар ҷанг ба зидди Толибон кӯмак хоҳад кард. Линдсӣ Граҳам гуфт, хоҳони ҳамкории пойдори Амрико бо Афғонистон аст, то ин кишвар дигарбора ба дасти террористҳо наафтад. Интизор меравад, нерӯҳои Амрико сар аз соли оянда ба тарки Афғонистон шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG