Пайвандҳои дастрасӣ

Арманистон роҳи нави рушди иқтисодро пеш мегирад


Тигран Саркисиён, нахуствазири Арманистон мегӯяд, дар соли нави 2011 ҳукумат талош хоҳад кард, то аз тариқи тавсиаи барномаҳои арсаи тавлид, фанновариҳои мухобиротӣ ва зербунёдҳо, иқтисоди Арманистонро рушди бештар диҳад. Ӯ дар як ҷаласаи ҳукумат дар охири ҳафтаи гузашта гуфт, Арманистон дигар танҳо ба арсаи кишоварзӣ ва сохтмон такя нахоҳад кард, зеро бо ин ду арса иқтисод ба таври муносиб рушд намекунад. Иқтисоди Арманистон дар соли 2011 бештар аз 6,6 % рушд кардааст, вале арсаи сохтмон ва кишоварзӣ бинобар бӯҳрони иқтисодӣ ва ҳавои номусоид, нишондодҳои пасттаре доштанд.
XS
SM
MD
LG