Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози Амрикоро дар Ироқ куштаанд


Артиши Амрико эълом кард, ки ду сарбози худро дар Ироқ талаф додааст. Дар баёнияи артиш, омадааст, ҳарду сарбоз зимни амалиёте дар яке аз манотиқи марказии Ироқ кушта шуданд. Баъди хотимаи амалиётҳои ҷангии нерӯҳои Амрико дар Ироқ дар моҳи сентябри соли гузашта ҳудуди 50 ҳазор сарбозони амрикоӣ ҳанӯз дар Ироқ мустақаранд. Ва дигар ин ки бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Бақубаи Ироқ як нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG