Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи намоишҳои эътирозии масеҳиён дар Миср


Дар шаҳри Александрияи Миср, ки дар арафаи соли нави мелодӣ дар канори бинои калисо инфиҷор рӯх дод, рӯзи якшанбе намоишҳои эътирозӣ ва бархӯрдҳо бо полис идома карданд. Садҳо тан аз масеҳиён ба хиёбонҳо рехта аз мақомот талаб карданд, ки онҳоро аз террор ҳифз намоянд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар шаҳри Қоҳира эътирозгарон мошини яке аз вазирони ҳукуматро сангборон карданд. Дар Александрия кормандони полис барои парокандасозии эътирозгарон аз гази ашковар истифода бурданд.
Дирӯз Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, аз мусалмонҳо ва масеҳиёни кишвар даъват кард, ки дар мубориза бо терроризм муттаҳид шаванд. Ӯ дар як паёми телевизионӣ ҳамла ба калисо дар шаҳри Александрияро маҳкум кард ва афзуд, дар ин ҳамла нерӯҳои берунае даст доранд, ки мехоҳанд вазъ дар Мисрро ноором кунанд.
Ёдовар мешавем, ки бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори калисои Ал-Қидиссин дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум гардид.
Масеҳиён тақрибан 10 дар сади аҳолии Мисри асосан мусалмоннишинро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG