Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонӣ аз мухолифин дар Маскав ва Санкт-Петербург


Имрӯз дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург пикетҳои ҷудогона ба хотири пуштибонӣ аз раҳбарони боздоштшудаи мухолифин баргузор мешаванд. Эдуард Лимонов, Константин Косякин, Иля Яшин ва Борис Немтсов рӯзи 31 декабр дар майдони Триумфалнаяи Маскав дар ҳамоишҳои мухолифин боздошт шуда буданд.
Яке аз боздоштшудаҳо Борис Немтсов изҳор намуд, ки бознигарии ҳукми додгоҳ дар бораи ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум шуданашро талаб хоҳад кард. Додгоҳ Немтсовро дар сарпечӣ аз итоат ба кормандони милитсия айбдор намуд.
Борис Немтсов, собиқ муовини сарвазири Русия, рӯзи ҷумъа дар майдони Триумфалная суханронӣ кард ва истеъфои ҳукумати Русияро талаб намуд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, пикетҳои ҷудогона дар канори шаҳрдории Маскав ва мавқеъи “Гостинний двор”-и Петербург доир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG