Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳунарманди маъруф дар як оташсӯзӣ


Бар асари сӯхтор дар Шветсия яке аз маъруфтарин ҳунармандони синамои кишвар Пер Оскарссон ва хонумаш ба ҳалокат расидаанд. Ҳунарманди 83 сола ва хонуми 67-солаи ӯ рӯзи ҷумъа баъд аз сӯхтор дар манзилашон дар як ноҳияи дурдасти ҷанубу ғарби Шветсия беному нишон ғайбзада эълон шуданд. Манзили ҳунарманд комилан ба коми оташ рафт. Сабабҳои оташсӯзӣ маълум нест ва ҷасади Оскарссону хонумаш низ алҳол ошкор нашудаанд.
Пер Оскарссон дар беш аз сад филми ҳунариву сериёлҳои телевизионӣ нақш офаридааст.
Соли 1966 ӯ барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Гуруснагӣ” ҷоизаи ҷашнвораи синамои Канн барои беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG