Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарпечии Виктор Бут аз созиш бо тафтишот


Виктор Бут, ки аз сӯи ИМА дар қочоқи силоҳ айбдор мешавад, ахиран изҳор намуд, ки аз созиш бо мақомоти тафтишотӣ дар ивази ҳукми сабуктар сарпечӣ кардааст. Дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости, ки бо миёнҷигарии муовини консули Русия Александр Отчайнов сурат гирифт, Виктор Бут гуфт, “ман ба пешниҳоди онҳо посух додам, ки дар бораи он чӣ ки донистан мехоҳанд, чизе намедонам”. Ин нахустин мусоҳибаи тоҷири рус баъд аз истирдодаш аз Таиланд ба ИМА дар моҳи ноябри соли гузашта аст.
Мақомоти ИМА Виктор Бутро дар сӯиқасд бо ҳадафи куштори шаҳрвандони Амрико ва фурӯши силоҳ ба созмонҳои террористӣ айбдор мекунанд. Дар сурати таъйид шудани ин иттиҳом Бут шояд ба ҳабси абад маҳкум шавад.
XS
SM
MD
LG