Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак хостори муборизаи муштарак бо терроризм шуд


Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, аз мусалмонҳо ва масеҳиёни кишвар даъват кард, ки дар мубориза бо терроризм муттаҳид шаванд. Ӯ дар як паёми телевизионӣ ҳамла ба калисо дар шаҳри Александрияро маҳкум кард ва афзуд, дар ин ҳамла нерӯҳои берунае даст доранд, ки мехоҳанд вазъ дар Мисрро ноором кунанд.
Дар арафаи таҷлил аз Или соли нави мелодӣ бар асари ҳамлаи як маргталаб дар калисои Ал-Қидиссин дасти кам 21 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум гардид. Попи Рум дар паёми рӯзи якшанбеи худ дар Ватикан дар мавриди ҳамла ба калисои масеҳиён дар Миср гуфт: "Дирӯз мо хабари дардноки ҳамлаи мудҳиш ба ҷомеъаи масеҳиён дар Александрияро шунидем. Ин амали нафратовари маргбор чун ҷой додани бомбҳо дар канори биноҳои насронии Ироқ ба хотири маҷбур сохтани масеҳиён ба тарки кишвар - тавҳин ба Худо ва кулли башарият дар ҳолест, ки мо ҳамин дирӯз барои сулҳ дуо мекардем ва Соли навро бо умед истиқбол мегирифтем".
Масеҳиён тақрибан 10 дар сади аҳолии Мисри асосан мусалмоннишинро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG