Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Сулҳи Афғонистон аз Покистон боздид мекунад


Имрӯз мақомоти расмии Эрон гуфтанд, Шӯрои сулҳи Афғонистон рӯзи сешанбе аз Покистон боздид хоҳад кард. Онҳо роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаи ҳузури Толибон дар қаламрави Покистонро баррасӣ мекунанд. Атоуллоҳ Лудин-муовини раиси ин шӯрои 70 нафарӣ, яъне Шӯрои Олии Сулҳ гуфт, ҳайати мазкур бо раиси ҷумҳури Покистон, бо нахуствазир ва мақомоти аршади ин кишвар музокира хоҳад кард ва ин музокирот ба ҳузури Толибон иртибот хоҳад дошт. Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон моҳи октябри соли 2010 ташкил шуд ва ҳадафи он ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ мебошад.
XS
SM
MD
LG