Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинежод 14 мушовирашро аз мақом барканор кардааст


Сомонаи интернетии ҷонибдори давлати Эрон мегӯяд, имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури ин кишвар 14 нафар мушовирони худро аз кор барканор кардааст. Ин идомаи барканориҳое будааст, ки дар давлати Аҳмадинежод бо барканории Манучеҳри Муттакӣ-вазири пешини корҳои хориҷа оғоз шуда буд. Пас аз вай Меҳрдод Базрпош-муовини раиси ҷумҳур дар умури ҷавонон аз мақом барканор шуда буд. Машриқнюз гуфтааст, Аҳмадинежод барканории мушовиронашро коҳиши кормандон дар ҳукумат арзёбӣ кардааст. Хабари барканории 14 нафарро матбуоти дихилии Эрон то ҳол таъйид накардаанд.
XS
SM
MD
LG