Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мегӯяд, 2 ҳавопаймои ҷосусро суқут додаасст


Бино ба гузоришҳо, як мақоми аршади фармондеҳии сипоҳи Инқилоби Эрон ба хабаргузории нимарасмии Форс гуфтааст, ки имрӯз Эрон ду ҳавопаймои ҷосусро дар Халиҷи Форс суқут додааст. Генерал Амир Алӣ Ҳоҷизода, ки фармондеҳии нируҳои ҳавоии Сипоҳро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, ки низомиёни Эрон ду ҳавопаймои ҷосусро ба оташ кашидаанд ва онҳоро суқут додаанд. Вай гуфтааст, ки бори аввал онҳо ин хабарро эълон кардаанд. Ҳоҷизода дар ин бора ҷузъиёти бештар надодааст.
XS
SM
MD
LG