Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсиятҳои Олмон ба ҳукумати Эрон номае имзо карданд


Имрӯз бештар аз 100 нафар шахсиятҳои Олмон, аз ҷумла Гуидо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар дар номаи бозе ба ҳукумати Эрон имзо гузоштанд. Онҳо аз ҳукумати Эрон дархост карданд, ду рӯзноманигори олмониро, ки дар робита бо парвандаи эъдоми хонум Сакина Муҳаммади Оштиёни боздошт шудаанд, аз зиндон раҳо кунанд. Ин нома замоне имзо мешавад, ки як рӯзи пеш хонум Оштиёнӣ гуфт, рӯзноманигорони олмонӣ парвандаи вайро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаанд. Ин ду рӯзноманигори олмонӣ 10 октябр баъд аз мусоҳиба бо Саҷҷоди Қоризода-писари Оштиёнӣ боздошт шуда буданд. Худи Қоризода низ баъдтар боздошт шуд, вале пас аз муддате вайро раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG