Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад дубора ба бозори Осиёи Марказӣ баргардад


Аз аввали соли 2011 содироти ғаллаи Русия ба кишварҳои хориҷӣ дубора иҷоза дода шуд. Русия соли гузашта ба сабаби хушксолӣ аз 15-ӯми август то 31-ӯми декабр содироти ғаллаи худро боздошта буд. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, дар давоми 10 соли ахир корхонаҳои орди Русия ба мушкилӣ барои худ дар Афғонистону Тоҷикистон ва Муғулистон бозор ёфта буданд ва ҳоло чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар ин муддат ин бозорҳоро аз даст медиҳанд ва хисороти зиёди молӣ мебинанд. Ҷои Русияро дар ин бозорҳо Қазоқистон ишғол мекунад. Ҳоло Русия мехоҳад дубора бозори фурӯши орду гандуми худро ба даст орад, вале он кори душворест, зеро аз лиҳози ҷуғрофиёӣ Қазоқистон бо ин кишварҳо мавқеи муносибтар дорад ва дар корхонаҳои тавлиди ордаш таҷҳизоти пешрафта насб кардааст.
XS
SM
MD
LG