Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селобҳои шадид ва харобиовар дар Австралия


Ҷорӣ шудани селобҳои шадид дар манотиқи соҳилии шимоли шарқии Австралия харобиҳои фоҷеаовар ба бор овардааст. Эндрю Фразер-вазири молияи ин кишвар гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд харобиҳои ба бор омада аз ин селобҳо 900 миллион долларро ташкил медиҳад. Пулис мегӯяд, як нафар ба ҳалокат расидааст, зане ҳангоми гузаштан аз об ғарқ шудааст. Қаламраве, ки аз селоб осеб дидааст, дар маҷмӯъ аз қаламрави Фаронсаву Олмон бузургтар аст ва 200 000 нафар зарар дидаанд. Ҳавопаймоҳои низомӣ ба аҳолии осебдида кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG