Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нафти Русия ба Чин тавассути лулаи нафт ғоз ёфт


Русия ба интиқоли нафт ба Чин тавссути лулаи нав шурӯъ кард. Муассисаи Транснефти Русия гуфт, ки интиқоли нафт тавассути лулаи Сибири Шарқӣ-Уқёнуси Ором оғоз шудааст. Ҳоло дарозии ин лулаи нафт 2 700 километрро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ дарозии он бештар аз 4 000 километр хоҳад буд ва сохтмони он дар соли 2013 ба поён мерасад. Ин дарозтарин лулаи газ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва он 25 миллиард доллар арзиш хоҳад дошт. Дар гузашта Русия ба Чин танҳо тавассути роҳи оҳан нафт мефиристод.
XS
SM
MD
LG