Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаводаи Ғоибовҳо, сокинони маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи наздимарзии Бекободи Узбакистон, ки солҳо натавонистааст ба арӯси оила – Гулчеҳра Муъминова шиносномаи узбакӣ бигирад, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки дар ҳалли мушкили шаҳрвандӣ ба Гулчеҳра кумак кунад.

Гулчеҳра Муъминова ҳануз соли 1988 ба марди узбактабор издивоҷ кард ва бо вуҷуди муроҷиатҳои бамаротиб соҳиби шаҳрвандӣ нашудааст. Соли равон Хонуми Гулчеҳра аз шаҳрвандии Узбакистон комилан дасту дил шуст ва тасмим гирифт, ки дубора паспорти тоҷикӣ бигирад. Нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон низ бар пояи ҳамин тасмим ироа шуд.

Қошмурод Ғоибов, яке аз фарзандони ин хонавода мегӯяд: “Ман хоҳиш дорам президент Эмомалӣ Раҳмон барои соҳиби шиносномаи тоҷикӣ шудани Гулчеҳра ба мо ёрӣ расонад. Чунки мо ба ҳама мақомоти Узбакистон навиштем ва муроҷиат кардем. Аммо натиҷа надод. Касе он ҷо мушкили моро ҳал карданӣ нест. Вай аз маҳалли зистамон қадаме берун монда ва ба дидори волидайн ва хешони суғдиаш рафта наметавонад. Ҳатто вақти об овардан аз чашма ҳам пулиси нави маҳал аз вай ҳуҷҷат мепурсад.”

Гурезаҳои маҳрум аз шаҳрвандӣ


Хонуми Гулчеҳра дар ҳоле муддаии паспорти тоҷикӣ шуд, ки қонунҳо дар Тоҷикистон низ дигар шудаанд ва ӯ акнун ҳаққи шаҳрвандии худро дар ин давлат низ аз даст додааст.

Диловар Шарофов, масъули шӯъбаи шиносномадиҳии идораи корҳои дохилии Хуҷанд, мегӯяд, шаҳрвандоне, ки то соли 1994, то замони вақти қабули Конститутсияи Тоҷикистон бо паспорти собиқи шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, ба онҳо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон дода шудааст. Аммо онҳое, ки пеш аз қабули Конститутсия тарки ватан кардаанд, мақоми шаҳрвандиро аз даст додаанд.

Теъдоди шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон, чӣ узбаку чӣ тоҷик, ки дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба Узбакистон кӯч бастанд ва акнун шаҳрванди ҳеҷ давлат нестанд, хеле зиёд аст. Танҳо дар ноҳияи Бекободи Узбакистон ҳудуди 5 000 узбактаборҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Узбакистон аз давлатҳои сернуфуси Осиёи Марказӣ аст, ки бо тасвиби қонунҳои маҳдудкунандаи ҳаракату буду бош ва ҳаққи шаҳрвандӣ дар минтақа шӯҳрат дорад. Узбакистон аз зумраи якчанд кишвари ҷаҳон аст, ки шаҳрвандонаш барои сафари хориҷ бояд аз мақомот иҷозаи хуруҷ бигиранд.

"Фуқаросу эмас"
ё беҳуқуқии муҳоҷирон

Мақомоти Узбакистон ба узбактаборони муҳоҷир дар каламрави худ ҳаққи иқомат додаанд, вале дархостҳои пайдарҳами онҳо барои гирифтани мақоми шаҳрвандиро рад мекунанд.

Санаде, ки Узбакистон ба муҳоҷирон додааст, як шиносномаи иборат аз ду се варақ аст ва дар сафҳаи аввали он возеҳ навишта шудааст, ки “Фуқаросу эмас”, яъне соҳиби санад шаҳрванд нест. Ин навиштаҷот ба маъниест, ки соҳиби шиноснома аз ҳақи овозу иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ё ҳаракати озодона дар дохилу хориҷи кишвар маҳрум аст.

Бахше аз узбактаборони Тоҷикистон, ки ба умеди зиндагии осуда ба ватани бобоии худ, паноҳ бурда буданд, баъд аз солҳои талошҳои санадгирӣ дубора ба Тоҷикистон баргаштанд. Аммо гурӯҳи дигар бо вуҷуди маҳдудиятҳо Узбакистонро макони зист интихоб карданд.

Садридин Ашӯров, хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ, мегӯяд, хеле кам иттифоқ меуфтад, ки давлати Узбакистон ба касе мақоми шаҳрвандӣ диҳад.

Ӯ афзуд: “Режими Каримов ба беш аз 100 ҳазор шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Узбакистон кӯч баста, қариб 20 сол боз он ҷо зиндагӣ мекунанд, намехоҳад шиноснома ва мақоми шаҳрвандӣ диҳад.”


Бархӯрди шадид ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ


Надоштани шиносномаи шаҳрвандӣ як мушкили умдаи муҳоҷирон аст, ки ба нобарориҳои дигар асос гузоштааст. Ба мисли мушкили кор аз рӯи тахассус. Баъди як ду моҳи зиндагӣ дар Узбакистон ба муҳоҷирон маълум шуд, ки ин давлат дипломи донишгоҳҳои Тоҷикистонро эътироф намекунад ва муҳоҷироне, ки хатмкардаи донишгоҳҳои тиббиву муҳандисиву, забонҳо буданд, маҷбуран касб иваз карданд.

Хонаводаи Насиба Содиқова аз вилояти Сирдарёи Узбакистон соли 1992-94 бо панҷ фарзанд аз Тоҷикистон бадар рафт. Худи Насиба то соли 2001 дар Тоҷикистон зиндагӣ кард. Ба гуфтаи хонум Насиба, талошҳои фарзандҳояш барои гирифтани шаҳрвандӣ ва паспорти узбакӣ барҳадар рафтанд.

“Паспорт намедиҳанд. Фақат “иҷозатномаи иқомат” медиҳанд. Аммо паспорт не. Ҳатто ба касоне, ки вақти шӯравӣ аз Тоҷикистон омадагӣ ҳам паспорт намедиҳанд. Мо ҳоло ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем ва ҳамин тавр хоҳем буд”, - гила мекунад ӯ.

Аз тамоми аҳли байт танҳо хонуми Насиба, шиносномаи хориҷии тоҷикӣ дорад ва метавонад аз кишвар хориҷ шавад. Боқӣ ҳама бо “иҷозаномаи иқомат” ба сар мебаранд.

Аксари коршиносон бархурди шадиди Узбакистон ба муҳоҷирони узбактаборро як барномаи хуб тарҳрезишуда ва шеваи дифоъ аз манофеи миллӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, Узбакистон манфиъатдор нест, ки аҳолии узбакзабони кишварҳои ҳамсоя кам шавад ва бо ин нуфузи Узбакистонро дар ин давлатҳо коҳиш диҳад.

Бобоҷони Икром, коршиноси масоили минтақаӣ, ба ҷамбаи дигари сиёсати шадиди муҳоҷират дар Узбакистон ишора мекунад ва мегӯяд, ҳаммарзӣ бо Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз убуру мурури гурӯҳҳои тундрав, мисли ҲИУ ва Ҳизбуттаҳрир кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро водор мекунад, ки дарвозаҳои қаламрави худро боз нагузоранд ва дар пазириши афроди бегона эҳтиёткор бошанд.

Ӯ афзуд: “Аз нигоҳи режими Каримов ворид гардидани шаҳрвандони узбактабори Тоҷикистон ва ҳатто Қирғизистон, дар пайи муноқишаҳои қавмии моҳи июн ба Узбакистон боиси ташаннуҷи авзои сиёсӣ дар ин кишвар хоҳад шуд. Аммо сардии муносибатҳо миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тундии авзоъи сиёсӣ сабаби аслии чунин амалкард ва нобоварӣ ба ҳамдигар ва шаҳрвандони якдигар ҳаст.”

“Ватани бобоӣ” гурезаҳоро напазируфт


Бино бар маълумоти расмӣ, теъдоди узбакҳои Тоҷикистон як каме бештар аз 800 ҳазор, узбактаборҳои Қирғизистон наздик 760 ҳазор ва узбакҳои Қазоқистон 457 ҳазор номбар мешавад. Дар қаламрави Туркманистон низ шумори каме аз узбакҳо ба сар мебаранд.

Соли 2010 дар ҷараёни бенизомиҳо дар Қирғизистон беш аз сад ҳазор муҳоҷири узбактабор ба қаламрави Узбакистон паноҳ бурданд ва аксарият умедвор буданд, ки дар ҳамин сарзамин сарпаноҳ пайдо кунанд. Аммо мақомоти Узбакистон онҳоро танҳо ду ҳафта таҳаммул карданд. Баъди ду ҳафта корвони мошинҳо ҳамаи муҳоҷирон, ҳатто онҳоеро ҳам ки захми тир доштанд, иҷборан ба қаламрави Қирғизистон интиқол доданд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили минтақаӣ, се далели сиёсати Узбакистон дар қиболи герузаҳои узбактаборро ном мебарад: “Сабаби аввал ин аст, ки агар шумораи муҳоҷирон зиёд шавад, ҷо ба ҷо кардани онҳо душвор мегардад. Дуюм, онҳо ба вазъи сиёсии режими Узбакистон таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Сабаби сеюм ва асосӣ, Каримов мехоҳад диаспораи узбакҳо дар ду кишвари ҳамсояаш - Тоҷикистон ва Узбакистон нуфузи зиёд дошта бошад ва онҳоро ҳамчун василаи таъсиррасонӣ истифода кардан мумкин бошад.”

Ба назари оғои Муллоҷонов, ширкати густардаи қавми узбак дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ аз ҳадафҳои ҷоҳталабонаи Тошканд маншаъ мегирифт. Бахши дигари коршиносон ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев аз қаламрави Узбакистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон дар соли 1998-ро низ бахше аз барномаҳои нуфузталабии Тошканд дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG