Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муборак: Террористҳо наметавонанд вазъро ноором кунанд


Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср қавл дод, ки террористҳо наметавонанд суботи ваъро дар кишвар ба ҳам зананд ва мусулмонону масеҳиёнро аз ҳам ҷудо кунанд. Ҳуснӣ Муборак ин нуктаро зимни суханронии телевизионии худ баъд аз ҳамлае дар шаби Соли Нав ба калисои масеҳиёни Копт дар Александрия изҳор дошт. Дар ин ҳамла 21 нафар ба қатл расид. Барак Обама ин ҳамларо "амали ваҳшиёнаву зишт" арзёбӣ кард. Обама гуфт, ки Амрико аз Қоҳира ҳимоят мекунад. Одил Лабиб-волии Александрия ал-Қоидаро дар ин амали террористӣ муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG