Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар замони Шӯравӣ аксари кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон ба филмҳои ҳиндӣ ва қаҳрамонҳои онҳо, аз қабили Ҷиммӣ ва Виҷай, муҳаббат доштанд. Вале ҳоло Минду, Йигит ва Наҷибсардор - бозигарони филмҳои туркӣ дар байни наврасон шуҳрат пайдо кардаанд.

Шарифҷони Ашур, як навраси 13-сола, орзӯи ҳампаҳлӯ будан бо қаҳрамони филми дӯстодаштаашро танҳо дар суратгирхона тариқи барномаҳои компютерӣ амалӣ мекунад. Бо ӯ ва теъдоде аз ҳамсолонаш мо назди суратгирхонаи «Ҷавонон»-и шаҳри Кӯлоб вохӯрдем, ки бо мақсади худро дар акс ба қаҳрамонҳои филмҳои моҷароҷӯёна монанд кардан, омада буданд.

Шарифҷон мегӯяд, ҳоло ӯ мехоҳад дар паҳлӯи қаҳрамони филими туркии «Ҳомиён», ки ҳоло дар Тоҷикистон аз сертамошотарин филм маҳсуб меёбад, бубинад.

Ӯ гуфт: «Хоҳиш дорам, ки сурати маро бо Миндуву Йигиту Наҷибсардор бигиранд. Барои он ки Минду зӯр аст. Ӯ дар ҳамин кино одами зур аст».

Ҷаъфар, як навраси дигар мегӯяд, ӯ мехоҳад, то дар сурат дар танаш либосҳои низомӣ ва дар дасташ яроқҳои оташфишон пушонанд. Меҳронӯш, ҷавондӯхтаре, ки зоҳиран мухлиси филмҳои ҳиндӣ буд, барои худро дар паҳлӯи Карина Капур ба суратгирхона омадааст.

«Назди зиреҳпӯшӯ чархбол ва дар даст автомат»

Бад ин тартиб, пушти суратгирхонаҳои Кӯлоб ҳоло наврасони зиёдеро метавон мушоҳида кард, ки танҳо ба хотири худро дар акс бо қаҳрамони дӯстдоштаашон ҳампаҳлӯ ё монанд дидан омадаанд.

Саидкарим Шокиров, сарвари суратгирхонаи «Ҷавонон»-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, рӯз беш аз сад тан аз наврасон бо чунин хоҳиш назди онҳо меоянд ва онҳо тариқи барномаи компютерии фотошоп ин орзӯи наврасонро бароварда месозанд.

Ҷаноби Шокиров мегӯяд, таи ду соли ахир чунин муроҷиати наврасон афзоиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, агар соли гузашта бештар бо қаҳармонҳои филми «Ҳазрати Юсуф» ҷавонон аксбардорӣ мешуданд, ҳоло бошад онҳо худро паҳлӯи қаҳрамонҳои филми «Ҳомиён» бештар дидан мехоҳанд.

Вай гуфт: «Рӯзе то сад ду сад нафар наврас меоянду мегӯянд, ки мо мехоҳем, бо фалон қаҳрамони филм сурт дошта бошем ё моро дар болову назди танкаву мотосиклу чархбол, дар даст яроқ сурат бигир. Ё сари моро дар тани як варзишгар мон ва ё дар миёни ягон тими футболи дӯстдошта монтаж карда мон. Мо хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, ин корро мекунем. Ҳоло талабот ба ин дар Кӯлоб хеле зиёд аст».

Замони шӯравӣ низ чунин буд


Фирӯз Раҷабов, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ба чунин роҳ рафтани ҷавонон аз бешуғлии онҳо ва роҳи муайну машғулияти дақиқ надоштанашон вобастаа аст.

Ӯ мегӯяд: «Онҳо чун аксари орзуҳояшон дар воқеият амалӣ намешавад, мехоҳанд, ки ақалан дар сурат орзуҳои худро бароварда созанд. Фикр мекунам, ки наврасон ба ин роҳ мехоҳанд, қадри худро баланд нишон диҳанд ва худро дар сурат зур нишон диҳанд. Чун ҳоло машғулияти ҷиддие надоранд, ҷавонон дигар мераванд, дунболи филму қаҳрамонҳои онҳо».

Дар ҳамин ҳол, Ашурмад, як марди миёнасол мегӯяд, замони шӯравӣ низ наврасони зиёде мехостанд, худро ба қаҳрамони филмҳои ҳиндӣ монанд кунанд, аммо он замон ин корро танҳо дар тарзи либоспӯшӣ ва шона намудани мӯй метавонистанд, зоҳир кунанд.

«Ҳомиён» андешаро заҳролуд мекунад»

Аммо дар ҳамин ҳол, Сайфиддин Расулов, равоншиноси тоҷик мегӯяд, аслан наврасоне ба чунин кор шавқу ҳавас доранд, ки дар садади интихоби идеали хайёлии худ ҳастанд.

Ӯ мегӯяд, боиси таасуф аст, ки идеали наврасони тоҷик ҳамеша аз филмҳои моҷароҷӯёнаи хориҷӣ бардошта мешавад. Ба гуфти ӯ, имрӯз идеали ҷавонони тоҷик аслан қаҳрмони филмҳое ҳастанд, ки даъват ба ҷангу зуроварӣ мекунанд. Аммо мутаасифона «Тоҷик филм» то кунун филме ба навор нагирифтааст, ки наврасон дар он идеали худро пайдо кунанд.

Вай афзуд: «Бисёр хуб мешуд, агар филмҳои миллӣ медоштем, ки таҷассумгари арзишу фарҳангҳои миллӣ мебуданд ва наврасони мо аз онҳо идеал мегирифтанд, хуб мешуд. Чунин филмҳои миллӣ метавонанд, наврасонро дар рӯҳияи миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия кунанд. Мутаасифона, идеали наврасони мо ҳамеша аз филмҳои хориҷист, ки ин оқибати хуб ба андешаҳои онҳо надорад. Ҳоло бубинед, ки ҳама наврасон ба филми «Ҳомиён» рӯ овардаанд, ки дар он нозукона қатлу куштор ва фарҳанги туркӣ ва дӯст доштани Туркия тарғиб мешавад. Ин андешаи наврасону ҷавононро ба таври фарҳангӣ «заҳролуд» месозад.Бояд масъулини соҳа дар ин маврид фикр кунад, ки бо чунин роҳ рафтан оқибати хуб надорад».

Феълан дар Тоҷикистон сериолҳои филми туркии «Ҳомиён» бо тоҷикӣ тарҷума ва бо теъдоди зиёд ба фурӯш гузошта мешавад. Ҳар рӯзи шанбе ҳазорон нусхаи ин филм дар дуконҳо фурӯхта мешавад. Ҳоло бошад, аксари наврасон идеали худро аз ин филм интихоб кардаанд ва дар суратгирхонаҳо мехоҳанд, худро дар паҳлӯи қаҳрамонҳо ин филм бубинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG