Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин қатъномаи Барак Обама барои соли 2011


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико қатъномаи худро барои соли 2011 эълон кард. Ин қатънома ба таъмири иқтисоди Амрико ихтисос дорад. Обама дар паёми ҳафтаинаи худ қавл дод, ҳар кори имкондоштаро анҷом хоҳад дод, то итмонон ҳосил шавад, ки иқтисоди Амрико рушд мекунад, ҷои кор иҷод мешавад ва қишри миёнаи аҳолӣ қаввитар мегардад. 10 дарсади бекорӣ дар Амрико ва норизоятӣ аз талошҳои Обама барои барқарор сохтани иқтисод ба ҷумҳурихоҳон кӯмак кард, ки онҳо дар интихоботи моҳи ноябр аз демократҳо пешӣ бигиранд. Ҳоло ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон аксариятро ба даст гирифтаанд. Соли оянда демократҳо дар Сенат аксарияти ночиз хоҳанд дошт. Обама аз Ҳизби Демократ аст.
XS
SM
MD
LG