Пайвандҳои дастрасӣ

"Соли 2011 дар ҷанги Афғонистон як соли муҳим хоҳад буд"


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерун мегӯяд, ки соли 2011 ба гумони ағлаб як соли таъинкунанда ва муҳим дар ҷанги Афғонистон хоҳад буд. Ӯ изофа мекунад, ки кишвараш дар соли 2011 мубориза алайҳи ифротгароёнро дар ин кишвар густариш хоҳад дод.

Хабаргузории Франс Пресс дар ин бора менависад: Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерун дар паёми солинавии худ мегӯяд, ки соли 2011, дар ҷанги Афғонистон, ки ҳазорон сарбози бритониёвӣ низ иштирок доранд, соли муҳим хоҳад буд.

Оқои Кемерун дар хитоб ба сарбозони бритониёвӣ изҳор дошт, соли нав, ки дар он дар баъзе минтақаҳо ва вилоятҳои Афғонистон масъулияти амниятӣ ба қувваҳои Афғонистон супурда хоҳад шуд, як соли таъинкунанда хоҳад буд.

Оқои Кемерун изофа мекунад ба ҳар андозае, ки қувваҳои амниятии Афғонистон бештар масъулияти амниятии кишвари худро ба ӯҳда бигиранд, ба ҳамон андоза барои сарбозони бритониёвӣ заминаи мусоидтар мешавад, ки ба ватани худ баргарданд.

Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, Бритониё дар ду ҷабҳаи ҷанг машғул аст, яке дар Афғонистон, ки ҳазорон сарбози он бо Толибон даргир аст ва дигараш дар дохили ин кишвар, ки бояд бо таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ бархурд кунад.

Нахуствазири Бритониё дар паёми худ мегӯяд, ки ҳукумати Бритониё аз чанд сол ба ин сӯ дар мавриди таҳдидҳое, ки аз сӯи терроризми байналмиллалӣ эҷод шудааст, огоҳ мебошад. Ӯ изофа мекунад, ки ин таҳдидҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад ва нисбат ба ҳар вақти дигар бештар мебошад.

Ба гуфтаи оқои Кемерун, дар соли 2011 мақомоти бритониёвӣ шояд ниёз дошта бошанд, ки 24 соат кор кунанд то дасисаҳо ва таҳдидҳоеро, ки бар зидди мардум ва иқтисодӣ ин кишвар вуҷуд дорад, хунсо созанд.

Нахуствазири Бритониё дар давоми паёми худ тааҳҳуд кардааст, ки кишвараш аз арзишҳо ва тариқаи зиндагии мардуми худ дифоъ хоҳад кард ва касонеро, ки мехоҳанд ин ба ин арзишҳо таҳдид биёваранд, шикаст хоҳад дод.

Аммо оқои Кемерун изофа кард мардуми Бритониё бояд аз худ суол кунанд, ки чигуна иҷоза медиҳанд то як теъдод ҷавонони мусалмони ин кишвар ба афкори ифротӣ ҷазб шаванд ва бар зеҳнҳои онҳо заҳрпошӣ шавад.

Нахуствазири Бритониё аз ҷавонони мусалмони кишвараш, ки ба гуфтаи ӯ аксарияти онҳо аз терроризм нафрат доранд, хост ки дар пайдо кардани роҳи ҳал ба ин мушкил кӯмак кунанд.

Дар моҳи июли соли 2005 дар шаҳри Лондон чаҳор ҷавони мусалмони бритониёвӣ ба ҳамлаҳои террористӣ даст заданд, ки ин амал дар мавриди таҳдиди ифротгароӣ нигарониҳоро доман зад.

Ҳамакнун дар Бритониё дар робита ба таҳдидҳо ва ҳамлаҳои террористӣ ҳушдорҳои дараҷаи як вуҷуд дорад ва ба гуфтаи оқои Кемерун, мубориза бо терроризм набояд дар Бритониё маҳдуд бошад.
XS
SM
MD
LG