Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносони умури иқтисодӣ коҳиши вуруди газ аз Узбакистон, камбуди нерӯи барқ, тавсеаи фасоду ришватхорӣ ва болоравии нархи пахта ва барқро масоили доғи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2010 унвон мекунанд.

Рӯ ба гази дохилӣ

Ахиран ширкати «Газпром»-и Русия ба парма кардани нахустин чоҳи газ дар минтақаи Сариқамиши ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон шурӯъ намуд ва пас аз солҳои муҳтоҷӣ ба гази Узбакистон умедвориҳои Тоҷикистон ба истифодаи гази худиро бештар кард.

Ба қавли коршиносон, ин нахустин паёми бениёзии Тоҷикистон дар оянда аз гази Узбакистон ва мушкили транзит ба ин ҷумҳурӣ дар соли 2010 аст.

Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром»-и Русия, дар бораи аҳамияти истихроҷи газ дар Тоҷикистон гуфт: «Ин чуқуртарин чоҳи газ дар қаламрави кишварҳои Муштаракулманофеъ аст, ки чуқурии он 6300 метрро ташкил хоҳад дод. «Газпром» барои иҷрои ин кор навтарин дастгоҳу таҷҳизотро насб кардааст. Мо аҳамият доштани гази худӣ барои Тоҷикистонро эҳсос мекунем. Бинобар иттилое, ки мо дар даст дорем, дар манбаи Сариқамиш аз 60 то 80 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст».

Ба гуфтаи ҷаноби Миллер, захираи гази Сариқамиш, ки ин ширкат тахмин задааст, барои Тоҷикистон дар 50 соли оянда кифоят мекунад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, захираи газ дар Тоҷикистон беш аз 2 триллион метри мукааб тахмин зада мешавад.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз корхонаҳои саноатии Тоҷикистон, ки бо газ кор мекунанд, аз камбуд ва гаронии гази воридотӣ аз Узбакистон аз кор монда ба хатари муфлисшавӣ рӯбарӯ шудаанд.

Мушкили камбуди барқ боқӣ мемонад

Агар як сабаби аз кор мондани бархе аз корхонаҳо камбуди газ бошад, далели дигар, ба гуфтаи коршиносон, камбуди барқ аст. Ба далели эҷоди монеаҳо дар транзити коло аз сӯи Узбакистон ширкати сохтмонии «Сангоб»-и Эрон натавонист дар фасли зимистони соли 2010 нахустин агрегати нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро, ки бо сармояи Эрон бунёд мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон ба ин умед баста буданд.

Саид Асҳарӣ, раиси ширкати «Сангоб»-и Эрон, низ сабаби таъхири замони баҳрабардорӣ аз нахустин агрегати «Сангтӯда-2»-ро ба мушкили транзити борҳо тавассути Узбакистон рабт дод. Ӯ гуфт: «Шаш моҳ васоилу таҷҳизоти моро дар қаламрави Узбакистон нигоҳ доштанд. Аз ин рӯ мо шаш моҳро аз даст додем, зеро ин таҷҳизот бояд меомад, васл мешуд ва тайи шаш моҳ корҳои пайдарҳаме буд, ки ба таъхир уфтод».

Умед ба нерӯгоҳи "Роғун"


Умеди дигари мақомоти Тоҷикистон дар ҳалли мушкили камбуди барқ идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» аст. Баргузории музоядаи байнулмилалӣ дар робита ба тарҳрезии барномаи фаннӣ ва зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро ба сохтмони ин нерӯгоҳи азим умедвор кардааст.

Зеро иқдоми сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо тавони Тоҷикистон ва маъракаи фурӯши саҳмияҳои давлат дар сохтмони ин нерӯгоҳ ба бунбаст рӯбарӯ шудааст. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон бозори харидуфурӯши саҳмия вуҷуд надорад, давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, чунин бозорро дар соли оянда роҳандозӣ ва «Амонатбонк»-ро масъули ин бозор таъин кунад.

Вале интизории Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» на аз фурӯши саҳмияҳост, балки мақомоти кишвар дар сохтмони ин нерӯгоҳ ба ташкили консорсиюми байнулмилалӣ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ умед бастааст.

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар ин бора бо изҳори хушнудӣ гуфт, ширкатҳои интихобшуда ташхиси техникӣ-фаннӣ ва экологии нерӯгоҳи «Роғун»-ро анҷом дода натоиҷи онро ба Бонки ҷаҳонӣ ирсол кардаанд.

Таваҷҷӯҳи зиёди мақомоти Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба он рабт дорад, ки камбуди барқ на танҳо ба вазъи иҷтимоӣ, балки ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ садама ворид карда, боиси аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатӣ шудааст. Ҳамасола дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор беш аз 40 дарсади корхонаҳо ба далели камбуди нерӯи барқ аз корм мемонад.

Фасод - мушкили домангири Тоҷикистон

Ба қавли коршиносон, мушкили дигаре, ки дар соли 2010 домангири рушди иқтисоди Тоҷикистон буд, ин фасод аст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, дар ин замина гуфт: «Касоне, ки дар фасодкорӣ даст доранд, аксаран дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, аммо музди кори кам доранд. Онҳо камбуди моҳонаро бо гирифтани пора мепӯшонанд. Дар кишварҳое, ки кормандони идораҳои давлатӣ моҳонаи калон мегиранд, дар ин кишварҳо ҳодисаҳои порахӯрӣ кам ба назар мерасад».

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо фасод, мардумро низ дар тавсеаи фасодкории кормандони идораҳои давлатӣ масъул медонад. Ӯ мегӯяд: "Мардуми ҷабрдида аз фасодкорон зиёданд, вале онҳо аз шикоят кардан ба ниҳодҳои марбута худдорӣ мекунанд".

Ин дар ҳолест, ки созмони байнулмилалии «Транспаренсӣ Интернешнл» Тоҷикистонро дар қатори даҳ кишвари фасодзадатарини ҷаҳон қарор додааст.

Болоравии нархи пахта ва барқ

Ба қавли профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мушкили дигаре, ки Тоҷикистонро дар соли оянда низ домангир хоҳад буд, болоравии қиммати нахи пахта ва барқ аст. Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон аз рушди ин ду соҳа интизориҳои зиёде дорад ва дар ин чанд соли ахир даҳҳо корхонаи нассоҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ бунёд шудааст.

Вале болоравии қиммати нахи пахта ва барқ ба корхонаҳои нассоҷӣ имкон намедиҳад, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд. Ба далели ҳалли ин мушкил вазорати энержӣ ва саноат аз давлати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар хариди нахи пахта ба корхонаҳои нассоҷӣ имтиёз дода, дар фасли гармо нархи нерӯи барқро барои ин корхонаҳо коҳиш бидиҳад.

Мушкили дигар, ба қавли ҷаноби Умаров, коҳиши мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар ҳалли ин мушкил чун ҳамасола Тоҷикистон ба кумаки созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ умед бастааст.
XS
SM
MD
LG