Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмиллалӣ ба ҳукми Ходорковский


Интизор меравад, ки Русия баъд аз эълони ҳукми 6 соли зиндон ба Михоил Ходорковский-ғули пешини нафтии Русия ва раҳбари пешини ширкати нафтии Юкос ба даври нави интиқодҳои байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шавад. Гурӯҳи Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки маракзаш дар Амрикост, рӯзи ҷумъа гуфт, ҳукми зиндони Ходорковский "нокомии авлавияти қонун дар Русия аст". Ҳукуматҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ аз ин ҳукми додгоҳ нигаронанд ва мегӯянд, ҳукми зиндони Ходорковский метавонад аз мухолифати сиёсии вай бо Владимир Путин-нахуствазири Русия ва муттаҳидони вай сарчашма бигирад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ин ҳукмро маҳкум кард. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, ки бузургтарин тарафи тиҷоратии Русия ба шумор меравад, изҳор дошт, ки аз ҳукми додгоҳ нороҳат шудааст ва таассуроташ ин аст, ки дар судури ин ҳукм ангезаи сиёсӣ нақш бозидааст. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "интизор аст, ки Русия ба тааҳҳудоти байналмиллалии худ роҷеъ ба ҳуқуқи башар ва авлавияти қонун эҳтиром гузорад". Британия ва Фаронса низ аз ҳукми додгоҳи Ходорковский изҳори нигаронӣ кардаанд. Ходорковский, ки замоне сарватмандтарин шахс дар Русия буд, рӯзи панҷшанбе як ҷо бо Платон Лебедев-тарафи тиҷоратии худ барои шустушӯи пул ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Ходорковский соли 2003 зиндонӣ шуда буд. Акнун онҳо то соли 2017 дар зиндон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG