Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Хамовникӣ дар анҷоми мурофиае, ки намунаи барҷастаи худкомагии ҳукумати Русия унвон мешавад, Михаил Ходорковскийро ба 6 соли дигари зиндон маҳкум кард.

Маъруфтарин маҳбуси сиёсии Русия ва шарики тиҷориаш Платон Лебедев дар сирқати миллиардҳо доллар пули нафт ва шустушӯи ин пулҳо муҷрим шинохта шуданд.

Иттиҳомоте, ки мунтақидони Кремл сохта ва ношӣ аз таҳдиде мешиносанд, ки сарвазири Русия Владимир Путин аз шахси Ходорковский ва сарвати ӯ ба давлаташ эҳсос мекард. Худи Ходорковский ҳам қазияашро намунае номидааст, ки нишон медиҳад, ки касе дар Русия наметавонад умедвори ҳимояти ҳуқуқӣ аз давлатдорон шавад.

Ходорковский ба шаш соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳ ин бор Ходорковский ва Лебедевро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Қозӣ Виктор Данилкин, ки аз рӯзи 27 декабр тайи 4 рӯз ҳукми тӯлониашро қироат мекард, гуфт, ҷароими ҳарду аз сӯи тафтишот ва додгоҳ комилан дайн шудааст:

“Ҳукми ниҳоӣ барои Михаил Ходорковский 14 сол дар зиндони низомаш умумӣ таъйин карда шавад.”

Аммо ин ҳукми ахир надики 8 солеро, ки Ходорковский ва Лебедев аз замони боздошташон дар соли 2003 дар зиндон сипарӣ кардаанд, низ дар бар мегирад ва амалан онҳо ба 6 соли дигар, яъне то соли 2017 маҳкум мешаванд. Ҳарду маҳкум, ҳукми ниҳоии додгоҳро аз паси девори шишаии толори мурофиа бо лабханди хомӯшона шуниданд. Модари Ходорковский аммо бо эҳсосот ғазабашро ба сари қозӣ фурӯ рехт ва ӯву авлодашро лаънат хонд.

Юрий Шмидт, яке аз вакилони мудофеъи Ходорковский ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо аз ҳукми додгоҳи Хамовникӣ шикоят хоҳанд бурд.

“Ин ҳукмро ман мутлақан ғайриқонунӣ меҳисобам. Он бар пояи далоили воқеъӣ набуд. Ҳукми додгоҳ яқинан таҳти фишор содир шуд. Ва маълум аст, ки ин фишор аз кадом самт меояд. Ин фишор аз сӯи мақомоти иҷроия, ки дар раъсаш ҳамчунон оқои Путин истодааст, эъмол мешуд.”

Раҳбари ҳизби Яблоко: "Фармоиши сиёсӣ буд"

Раҳбарони мухолифин ҳукми додгоҳро билофосила маҳкум карданд. Борис Немтсов онро як шармандагӣ номид. Сергей Митрохин, раҳбари ҳизби Яблоко ҳам гуфт:

“Ба ақидаи ман, ин ҳукм қонунӣ нест ва комилан ягон асоси ҳуқуқӣ надорад. Ин ба таври рӯшан фармоиши сиёсӣ буд ва ин навъе аз таъқиботи сиёсист.”

Ҳукми Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев бояд дар авоили моҳи декабр содир мешуд, вале ба назари мунтақидони Кремл, мақомот ҳадафмандона эълони ҳукмро ба остонаи иди Соли нав мавқуф гузоштанд, то ин қазия дар зери ҳавои ҷашну тантанаҳои солинавӣ бимонад ва барои Маскав дарди сари зиёд эҷод накунад. Аммо қазияи Ходорковский дар ҳар сурат, улгуест, ки шеваи кори ҳукумати худкомаи Владимир Путинро ба намоиш медарорад.

“Юкос”, ширкати марбут ба Ходорковский, ки бузургтарин ширкати нафтии Русия маҳсуб мешуд, ба дунболи боздошти моликаш тавассути як музоядаи машкук ба як ширкати таҳти назорати давлати Русия фурӯхта шуд. Он ширкати сохта баъди ҳамагӣ чанд рӯзи музояда, “Юкос”-ро дигарбора ба ширкати давлатии “Роснефт” гӯё фурӯхт ва дигар аз саҳна ғайб зад. Аммо ин муомилаҳои машкук бо “Юкос” ва таъқиби моликаш Ходорковскийро бисёриҳо ҷузъи барномаи Путин ҷиҳати таҳти назорати бештари давлаташ овардани бахши энержии иқтисоди Русия мешуморанд.

Интиқоди Ғарб аз ҳукми Ходорковский

Мурофиаи навбатии Ходорковский низ ҳомили ангезаҳои сиёсӣ унвон мешавад, ки ҳадафаш то соли 2012 пушти панҷараи зиндон нигоҳ доштани ӯст. Яъне то замони интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурии Русия, ки дар он Владимир Путин ғолибан ба мақоми президентӣ бар хоҳад гашт.

Муҷрим шинохта шудани Ходорковский ва Лебедев аз сӯи додгоҳ дар таърихи 27 декабр мавҷи интиқодоти шадиди байналмилалиро ба бор овард. Дар Ғарб аз ҳукми нави Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев низ изҳори нигаронӣ ва таассуф мекунанд. Вазорати хориҷаи Амрико аз “ончӣ ки зоҳиран истифодаи зӯргӯёнаи низоми додгоҳӣ маълум мешавад” изҳори ташвиш кард.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо изҳори таассуф гуфт, ки “ҳукми зиндон ҳокист, ки дар ин мурофиа ангезаҳои сиёсӣ нақш доштаанд.” Раиси парлумони Аврупо Йержӣ Бузек гуфт, ин ҳукми нишон медиҳад, ки Русияро то анҷоми ислоҳоти ваъдагии низоми додгоҳиаш, ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG