Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенкоро беш аз 10 соат бозпурсӣ кардаанд


Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенкоро дирӯз беш аз 10 соат бозпурсӣ кардаанд. Ин бозҷӯӣ дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаест, ки хонум Тимошенко дар он ба сӯъиистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Бино ба хабарҳо, бозпурсии Тимошенко наздики нимашаби панҷшанбе анҷом ёфтааст. Тимошенкоро ба он айбдор мекунанд, ки дар замони сарвазириаш маблағҳои махсуси барномаҳои зистмуҳитиро барои пардохти нафақаи пиронсолон масраф кардааст.
Тимошенко, аз раҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004, дар интихоботи соли гузашта аз Виктор Янукович шикаст хӯрд. Ӯ иттиҳомоти додситониро радд карда, мегӯяд, таъқиби ӯ далоили сиёсӣ дорад. Сафорати Амрико дар Киев низ дирӯз аз таъқибҳои “ҷудогона ваё ҳомили ғаразҳои сиёсӣ” изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG