Раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул хостори мурооти бештари меъёрҳои демократӣ ба манзури ҳалли ихтилофоти қавмӣ дар кишвараш шуд. Вале Гул, ки дар шаҳри умдатан курднишини Диёрбоқир дар ҷануби Туркия сӯҳбат мекард, имкони истифодаи забони курдӣ дар умури расмиро радд кард. Сафари дурӯзаи Абдуллоҳ Гул ба ин минтақа дар пасманзари баҳси доғи бархоста дар Туркия бар сари ҳуқуқи курдҳо доир шуд. Курдҳо ҳудуди 20 дарсади ҷамъияти Туркияро ташкил медиҳанд, вале солҳост дар роҳи худшиносии фарҳангиву забонӣ ба маҳдудияту маҳрумиятҳо рӯбарӯ мебошанд.