Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузек хостори раҳоии мухолифини Лукашенка шуд


Раиси парлумони Аврупо Йиржӣ Бузек ба қатъи саркӯбии мухолифин дар Беларус ва раҳоии билофосилаи номзадҳои мухолифин дар интихоботи рӯзи 19 декабри раёсати ин ҷумҳурӣ даъват кард. Мақомоти Беларус алайҳи 5 рақиби раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенка бо иттиҳоми таҳрики ошӯбҳо дар пайи интихобот айбнома эълон кардаанд. Дар сурати дайн шудани ин иттиҳом номзадҳои собиқ метавонанд то ба 15 соли зиндон маҳкум шаванд. Нозирони ғарбӣ интихоботи Беларусро пуртахаллуф хонда, саркӯбии тазоҳургаронро маҳкум кардаанд.
Лукашенка мунтақидонашро “як гурӯҳи хоинон”-е номид, ки ба бовари ӯ, қасди ба ҳам задани кишварро дар сар доштанд.
XS
SM
MD
LG