Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти гарми Меркел аз тақвияти евро


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар паёми солинавиаш ба аҳамияти пули евро барои Аврупо ва Олмон, бузургтарин иқтисоди ин қора, таъкид кардааст. Дар пораҳои нашршудаи ин паём, Меркел ба буҳрони қарзи Юнону Ирландия руҷӯъ мекунад ва мегӯяд, ки “Аврупо тайи моҳҳои охир ба имтиҳони бузурге дучор шуд.” Ӯ евроро чизе “бештар аз як воҳиди пул” ва рамзи иттиҳоди қораи Аврупо ба қалам дода, мегӯяд, ки Аврупо ба хотири тақвияти евро бояд иқдом кунад.
Тайи моҳҳои охир ба маҳзи буҳрони молӣ дар Юнону Ирландия ва бад шудани вазъи Испанияву Португалия қурби евро, воҳиди пули 16 кишвари Аврупо, дар баробари соъир асъори муҳими ҷаҳонӣ, башиддат пойин рафт.
XS
SM
MD
LG