Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори нигарониҳо дар Ғарб аз ҳукми Ходорковский


Дар Ғарб аз ҳукми нави Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев изҳори нигаронӣ ва таассуф мекунанд. Додгоҳи Маскав дирӯз ин ду миллиардери собиқро ба 6 соли дигари зиндон маҳкум кард. Ҳарду аз соли 2003 таҳти боздошт қарор дошта, қаблан ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Бо изофаи ҳукми нав Ходорковский ва Лебедев то соли 2017 дар зиндон хоҳанд монд. Вазорати хориҷаи Амрико аз “ончӣ ки зоҳиран истифодаи зӯргӯёнаи низоми додгоҳӣ маълум мешавад” изҳори ташвиш кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо изҳори таассуф гуфт, ки “ҳукми зиндон ҳокист, ки дар ин мурофиа ангезаҳои сиёсӣ нақш доштаанд.” Раиси парлумони Аврупо Йиржӣ Бузек гуфт, ин ҳукм баёнгари роҳи тӯлониест, ки Русияро то анҷоми ислоҳоти ваъдагии низоми додгоҳиаш ҳанӯз дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG