Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти "Хабарнигорони бидуни марз" аз Исмоилов


Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, як гурӯҳи байналмилалии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон, хостори раҳоии хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов шудааст.
Исмоилов, ки аз зодгоҳаш – ноҳияи Ашт- барои чанд нашрия, аз ҷумла “Нури зиндагӣ” , мақола менавишт, аз рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд таҳти боздошт қарор дорад.
Мақомоти маҳаллӣ ӯро ба тӯҳмат айбдор мекунанд, вале “Хабарнигорони бидуни марз” боздошти хабарнигорро посухи ин мақомот ба матолиби интиқодии ӯ унвон кардааст.
Қаблан Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Амрико, низ бо изҳори нигаронӣ аз сарнавишти Муҳаммадюсуф Исмоилов ба раҳоии ӯ даъват карда буд.
XS
SM
MD
LG