Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рушди иқтисоди Тоҷикистонро 6 фоиз рақам мезананд


Бино ба пешбинии Кумитаи омори Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 то 6 дарсад, вале мизони таваррумаш 7 фоизро ташкил хоҳад дод.
Ин ниҳод суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷориро 5,8 дарсад ва мизони таваррумро дар ин кишвар дар ин 11 моҳ 8,8 дарсад баровард кардааст.
Аз лиҳози мизони рушди иқтисод дар соли оянда, танҳо Узбакистон ҳампои Тоҷикистон дониста шуда, суръати рушди 9 кишвари дигари пасошӯравӣ пойинтар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG