Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи маъракаи ҷамъоварии имзоҳо дар Қазоқистон


Як гурӯҳи ташаббускор дар Қазоқистон мегӯяд, ки барои баргузории райпурсии саросарӣ ба манзури то соли 2020 тамдид кардани замони раёсати Нурсултон Назарбоев алакай ҳудуди 300 000 имзо ҷамъ овардааст. Бар асоси қонунҳои Қазоқистон, барои даъвати чунин райъпурсӣ гирд овардани 200 000 имзо кофист, вале Эрлан Сиддиқов, раҳбари ин гурӯҳ гуфт, онҳо ба маъракаи имзоҷамъкунӣ то 11 январ идома хоҳанд дод ва умедворанд, то 2 миллион имзо гирд биоранд.
Ин иқдом ба мавҷи интиқодот аз сӯи мухолифин дучор шудааст, ки мегӯянд, тамдиди замони раҳбарии Назарбоев ҳуқуқи конститутсионии мардумро поймол мекунад.
Назарбоев аз соли 1989, инак 21 сол боз раҳбарии Қазоқистонро дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG