Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти мунтақиди маъруфи Каримов


Файзуллоҳ Исҳоқов, таърихшиноси маъруфи узбак ва аз мунтақидони раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар синни 74 дар Тошканд аз олам чашм пӯшид.
Исҳоқов дар замони шӯравӣ масъули сонсури матбуот ва арзёбии барномаҳои бурунмарзӣ буд, вале ҳанӯз қабл аз суқути Шӯравӣ тарки Ҳизби коммунист кард. Ӯ то замони бознишаста шуданаш дар соли 1997, дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи улуми Узбакистон кор мекард. Ӯ дар соли 1992 даъвати Каримов ба мақоми мушовириро радд карда, фасодзадагии мақомотро ба боди шадиди интиқод мекашид ва аз тасмими Каримов барои гузаштан ба алифбои лотинӣ низ интиқод мекард, ки ба бовари ӯ, боиси бесаводтар шудани атфол мешавад.
Охирин китоби ӯ махсуси таърихи равобити Русия ва Осиёи Марказӣ дар ду қарни охир буд, ки соли 2009 чоп шуд.
XS
SM
MD
LG