Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли пур аз мушкил барои муҳоҷирони корӣ


Соли 2010 барои муҳоҷирони корӣ дар Русия пур аз мушкилот буд. Бӯҳрони молӣ дастмузди муҳоҷиронро коҳиш дод, фишор ба мардуми ғайрирус бештар гашт ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия мамнӯъ эълон шуд.

Омори Бонки ҷаҳонӣ дар бораи мардикорон

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2009 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ ба андозаи 35 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон будааст. Ин баландтарин нишондод дар миёни кишварҳои ҷаҳон аст.

Сударшан Канагараҷа, мудири бахши Бонки ҷаҳонӣ дар умури муҳоҷират дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд, натиҷаҳои сол то кунун ҷамъбандӣ нашудааст, вале афзоиши маблағҳои ирсолии муҳоҷирони Тоҷикистон дар соли 2010-ум то 25 дарсад пешгӯӣ мешавад.

Ҷаноби Канагараҷа гуфт: "Cоли 2008 авҷи ирсоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон буд. Ба фикри ман, то соли 2012 ё 2013 Тоҷикистон боз ба ин сатҳ хоҳад расид. Пешгӯии мо дар бораи Тоҷикистон ин аст, ки маблағҳои ирсолии муҳоҷирони корӣ соли 2010-ум 25 дарсад афзоиш меёбад. 10 дарсади дигар соли 2011 афзоиш хоҳад ёфт. Дар саросари ҷаҳон низ маблағҳои муҳоҷирон коҳиш ёфтааст, барои он, ки содирот коҳиш ёфтааст. Ниёз ба содирот кам шудааст. Кишварҳои, ки коло содир мекунанд ба нерӯи камтари корӣ ёҳтиёҷ доранд".

Иттиҳоми тоҷикҳо ба тундгароӣ


Дар давоми соли 2010 бори аввал дар қаламрави Русия бештар аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт карданд ва гуфтанд, ки онҳо талош кардаанд, дар атрофи Маскав аъмоли террористӣ анҷом диҳанд. Абдумаҷид Достив, сафири Тоҷикистон дар Русия дар як сӯҳбати ихтисосӣ гуфт, ҳоло аз 22 нафари боздоштшуда танҳо се нафари онҳо дар зиндонанд. Вай ҳам мисли созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Русия иттиҳомоти ворида ба онҳоро сохтаву бофта хонд.

Ӯ афзкд: "Гӯё аз рӯи фарши хонаи зисти онҳо моддаи таркандаи пошидагӣ ёфтаанд. Ин иддао дар бораи сохта будани ин кор гувоҳӣ медиҳад. Ба фикрам, моддаи таркандаро дар як ҷо нигоҳ медоранд, на дар рӯи фарши хона онро мепошанд".

Светлана Ганушкина, раиси кумитаи ёриҳои башарии маркази ҳифзи ҳуқуқи "Мемориал", низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳамин лаҳзаи пошидани хокаи тротил дар фарши хонаро кори сохта медонад.

Ӯ гуфт: "Муфаттишон ин парвандаро бо нақзи қонун шурӯъ кардаанд. Он гуна, ки иддао мекунанд, ин гурӯҳро на дар кӯча, балки дар хонаи хобашон боздошт кардаанд. Қозии додгоҳ инро медонад, вале хомуширо ихтиёр кардааст. Мо ба он ҷо занг задем, хоҳиш кардем, ки онҳоро ба вакилони мудофеъ, ба кормандони мо нишон диҳанд. Онҳо розӣ шуданд, вале онҳоро кормандони ФСБ бо худ бурданд. Ба ман дуруғ гуфтанд".

Манъи "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия"

Соли 2010 Додгоҳи Олии Русия фаъолияти "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия"-ро мамнӯъ эълон кард ва гурӯҳе аз муҳоҷирони муқими ин кишвар аз бастани фаъолияти он нороҳат шуданд. Сафири Тоҷикистон дар Русия дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки шояд аз ҷониби раҳбарони ин иттиҳод камбудӣ мушоҳида шуда бошад.

Абдулло Давлатов, раиси "Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия"
Абдулло Давлатов, раиси иттиҳоди мазкур низ чунин камбудӣ дар фаъолияти раҳбариятро истисно намедонад. Ӯ мегӯяд: "Фаъолияти баъди бозиҳои сиёсиву баъзе камбудиҳои худи ман ҳам шояд бошад, аз тарафи вазорати адлияи Русия қатъ гардид. Вале албатта ҳамватанони мо, ки қариб 270 ҳазор аъзо дорад, ҳеҷ куҷо намераванд, онҳо ҳастанд ва мо фаъолиятро идома додем".

Абдулло Давлатов мегӯяд, фаъолияти ин иттиҳод идома дорад ва дар охири моҳи октябр раҳбарони созмонҳои аввалия аз минтақаҳо гирдиҳам омадаанд ва ин созмон дар шакли дигар ё шояд чаҳочӯбаи чанд созмон фаъолияти худро идома хоҳад дод. Абдуллоҳ Давлатов ҳамчунин ҷорӣ шудани патент барои муҳоҷирони корӣ дар Русияро ба осонтар шудани корёбии онҳо дар ин кишвар иртибот медиҳад.

Соли бобарор барои муҳоҷирон?

Боғшоҳи Лашкарбек, раиси созмони "Нур" дар Маскав низ ин масъаларо таъйид мекунад ва мегӯяд, соли 2010 нисбат ба соли 2009 барои муҳоҷирон соли бобарор будааст.

Ӯ гуфт: "Мушкилоти иқтисодие, ки дар соли 2009 мавҷуд буд, дар соли 2010 сабуктар шуд ва вазъи муҳоҷирони корӣ беҳтар буд ва мардуми мо бештар бо кор таъмин буданд ва нишондоди ин беҳбудӣ ирсоли бештари маблағ ба Тоҷикистон дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 буд».

Аммо Боғшоҳи Лашкарбек нигарон аст, ки агар миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия қарордоди ба истилоҳ ремиссия имзо шуда бошад, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2011 Русия ба мушкил дучор хоҳанд шуд.

"Дар интернет иттиое хондам, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ҳукумати Русия як қарордод имзо кардаанд, "ремиссия" мегӯянд. Агар ин имзо шуда бошад ва амал кунад, албатта вазъ бадтар хоҳад шуд, чунки тибқи ин қарордод ду кишвар бояд шаҳрвандони худро бигиранд. Яъне Тоҷикистон оҳиста-оҳиста шаҳрвандони худро аз Русия берун мекунад ва Русия аз Тоҷикистон. Дар он сурат мардумро гашта ба Тоҷикистон мефиристонанд", -меафзояд ӯ.

Тоҷикҳо дар оинаи матбуоти Русия

Вале нуктаи муҳим дар давоми соли 2010 дар ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ин буд, ки матбуоти Русия ҳамеша дар бораи ширкати тоҷикон дар қочоқи маводи мухаддир ва ё ҷиноёти дигар матолиб ба нашр мерасонд. Намунаи боздошти тоҷикон бо иттиҳомоти сохтаи хокаи тротилро мо ёдовар шудем ва ин хабарҳо низ бештар ба ҳамин гурӯҳи хабарҳо тааллуқ дошт.

Таҳлилгарон мегӯянд, шояд чунин бархӯрди матбуоти Русия ба сардии муносиботи миёни ду кишвар дар соли 2010 низ то андозае иртибот дошт. Вале дар ду моҳи ахири соли 2010 ин муносибот каме ба ҳолати маъмулӣ баргашт. Беҳбудӣ замоне шурӯъ шуд, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон моҳи октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки Тоҷикистон роҷеъ ба фурудгоҳи низомии Айнӣ танҳо бо Русия музокира мекунад.
XS
SM
MD
LG