Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ҳафт номзади курсии раёсатҷумҳурии Беларус, ки моҳи равон бо Александр Лукашенко сабқат намуданд, чаҳор нафар ба ташкили эътирозҳои хушунатбор муттаҳам шуда, нафари панҷум мунтазири хулосаи муфаттишон аст.

Дар ҳамин ҳол Лукашенко, ки бо номи охирин диктатори Аврупо маъруф мебошад, дар ин интихоботи баҳсбарангез барои чаҳорумин бор президенти Беларус баргузида шуд.

Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки ин интихобот бо таъқиби довталабони курсии президенти ҷараён гирифта, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набудааст.

Боздошти мухолифони эътирозгар

Дар пайи интихоботи президентӣ тахминан даҳ ҳазор нафар ба нишони эътироз аз тақаллуб дар овоздиҳӣ дар майдони марказии Минск ҷамъ омаданд. Гирдиҳамоӣ ба бархӯрд бо полис табдил ёфт ва мақомот 26 нафар, аз ҷумла масъулони ситодҳои интихоботии довталабон ва дигар фаъолони аҳзоби мухолифи ҳукуматро муттаҳам эълон намуда, таҳқиқи амалкардҳои онҳоро шурӯъ кардааст. Агар гуноҳи муттаҳамон дар додгоҳ собит шавад, онҳо метавонанд ба муддати то 15 сол аз озодӣ маҳрум гарданд.

Соли 2006-ум собиқ довталаби курсии раёсатҷумҳури Беларус Александр Казулин ба муддати панҷумним сол аз озодӣ маҳрум шуд ва танҳо соли 2008-ум ва он ҳам зери фишори созмонҳои аврупоӣ, мавриди афв қарор гирифт.

Рӯзи чоршанбе дар Минск вакили мудофиа Тамара Сидоренко дар боздоштгоҳ бо номзади собиқ Някляев вохӯрд.

Ӯ мегӯяд: “Вазъи саломатии ӯ ногувор аст. Сарфи назар аз хавфи сактаи дуюм, ӯро ба бемористон интиқол надодаанд. Някляев дар соли 1999 сактаи қалбиро пушти сар карда, аз он замон ба ин тараф зери назорати табибон қарор дошт.”

Латтукӯби ду рақиби Александр Лукашенко

Тибқи гузоришҳо ҳангоми боздошт ду номзади дигар - Римашевский ва Санников ҳам латту кӯб шуда буданд. Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Amnesty International иддао дорад, ки Санников дар маҳбас низ латтукӯб шудааст.

Бар пояи иттилои комиссияи марказии интихоботи Беларус, дар овоздиҳии 19-уми декабр Лукашенко бо 80 дар сади раъйҳо пешдастӣ намуда, бори чаҳорум президенти ин кишвар баргузида шуд. Нозирони байналмилалӣ аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ таъқиби номзадҳоро маҳкум намуда, иброз доштанд, ки интихобот саршор аз тақаллуб будааст.

Президенти Русия Дмиртий Медведев фақат як ҳафта пас аз бургузории интихобот Лукашенкоро бо пирӯзӣ табрик кард. Лукашенко дар соли 1994 сари қудрат омадааст.
XS
SM
MD
LG