Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба "Юллан-Постен" дар маҳбас боқӣ мемонанд


Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, се нафари бо гумони ҳамла ба бинои рӯзномаи “Юллан-Постен”дастгиршуда дар боздоштгоҳ боқӣ хоҳанд монд. Яке аз дастгиршудаҳо шаҳрванди Тунис ва ду нафари дигар шаҳрвандони Шветсия мебошанд. Фарди чаҳоруми боздоштшуда – як паноҳанда аз Ироқ бар асари нокофӣ будани далоил раҳо карда шуд.
Ба иттилоъи полис, боздоштшудаҳо мехостанд, ки бинои нашрияро забт кунанд. Дар манзили онҳо чанд автомат ва миқдори зиёди тир ошкор ва мусодира гардид. Раиси Хадамоти амният ва кашфи Дания Якоб Шарф ба хабарнигорон гуфт: "Иттилоъи ҳангоми назорат аз болои гумонбарон дастрасшуда ҳокист, ки онҳо мехостанд ҳамларо қабл аз Соли нав баргузор кунанд. Баъд аз арзёбии далелҳо, ки мо бо кӯмаки полиси Копенҳаген дастрас кардем ва, ба вижа, баъд аз ошкор намудани автоматҳо, мо чунин мешуморем, ки онҳо мехостанд теъдоди ҳарчӣ бештари одамонро нобуд созанд".
Рӯзномаи “Юллан-Постен” соли 2005 тасвирҳои танзомези Паёмбари исломро нашр карда буд.
XS
SM
MD
LG