Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми нави Ходорковский ва Лебедев эълон шуд


Додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав раҳбарони пешини ширкати “ЮКОС” Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро аз рӯи парвандаи дуввуми ҷиноӣ ба 13-у нимсолии зиндон маҳкум кард. Ходорковский ва Лебедев дар яғмои 218 миллион тонна нафт ва “шустушӯ”-и 30 миллиард доллар муттаҳам шуданд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳукми додгоҳ аз рӯи парвнадаи аввал аз соли 2005 онҳо 14 солиро дар маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ мӯҳлати маҳрумият аз озодии Ходорковский ва Лебедев аз замони боздошт дар соли 2005-ро низ ба инобат гирифт ва аз ин рӯ, мӯҳлати ҳабси онҳо соли 2017 поён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG