Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай таркиши Ҳилмандро шадидан маҳкум кард


Бар асари таркиш дар вилояти Ҳилманди Афғонистон 14 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар ноҳияи Наҳри сарой як автобуси хурд бо сокинони маҳаллӣ ба минаи канори раҳ бархӯрдааст.
Ҳилманд аз мавзеъҳои фаъолияти ҷангиёни ҷунбиши “Толибон” маҳсуб мешавад. Масъулияти ин ҳодисаро гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомоти Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи толибон карданд. Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва онро “ғайрибашарӣ” номид.
Имрӯз ҳамчунин пойгоҳи низомии Амрико дар Багром ҳадафи мушакборон қарор гирифт. Ба иттилоъи пешакӣ дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст.
XS
SM
MD
LG