Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои СММ аз Уаттар пуштибонӣ хоҳанд кард


Нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари Соҳили Оҷ омодаанд, ки дар сурати шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳукумати раисиҷумҳури тозаинтихоб Алассон Уаттар ва мардуми осоишта дифоъ кунанд. Ба ин нукта дар изҳороти Ален Ле Руа, сарвари раёсати амалиёти посдори сулҳи СММ, таъкид шудааст.
Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, ваколатномаи сафири нави Соҳили Оҷ Юсуф Бамбаро, ки аз сӯи Алассон Уаттар таъин шудааст, қабул кард. Сафири нави Соҳили Оҷ дар СММ гуфт, ки "мехоҳам ба Созмони Милал иттилоъи муҳимеро расонам, ки мо дар вартаи наслкӯшӣ қарор дорем ва бояд аз он ба навъе ҷилавгирӣ шавад".
Раисиҷумҳури феълии Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо аз интиқоли қудрат ба ҳарифаш дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ Алассон Уаттар сарпечӣ мекунад ва пирӯзии ӯро “ғайриқонунӣ” мехонад. Ва аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ пирӯзии Уаттарро эътироф карда, ӯро раисиҷумҳури тозаинтихоби Соҳили Оҷ мехонад.
Дар задухӯрдҳои миёни ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин аллакай беш аз 170 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG