Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи "ҳамвазн"-и Кохи Сафед ба тасмими Чавес


ИМА раводиди сафири Венесуэла дар кишвар Бернардо Алварес Ҳерераро лағв кард. Вазорати умури хориҷии Амрико ин тасмимро “посухи мувофиқ ва ҳамвазн” бо сарпечии раисиҷумҳури Венесуэла Уго Чавес аз пазируфтани Ларрӣ Палмер дар мақоми сафири Амрико дар Каракас номид. Уго Чавес аз изҳороти ин дипломати амрикоӣ дар бораи бадахлоқии низомиёни Венесуэла ва робитаҳои эҳтимолии Каракас бо гурӯҳҳои ошӯбгари Колумбия сахт нороҳат шуда буд.
Рӯзи сешанбе Чавес изҳор намуд, ки кишвараш аз қатъи равобити дипломатӣ бо Амрико ҳарос надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG