Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори бидуни қурбонӣ дар Афина


Дар канори бинои додгоҳ дар Афина таркиш рӯх дод. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст, зеро полис қабл аз вуқӯъи ҳодиса одамонро ба ҷойи амн интиқол дод.
Маводи тарканда дар як мотосикл гузошта шуда буд. Қабл аз таркиш шахси ношинос тавассути телефон дар бораи ҳамлаи террористии тарҳрезишуда ба ду нашрия хабар дод.
Мақомоти Юнон дар ин ҳамла гурӯҳҳои анархистиро гумонбар мехонанд. Моҳи январ мурофиаи додгоҳии фаъолони яке аз ин гурӯҳҳо, ки бо иттиҳоми ташкили инфиҷорҳо дар сафоратхонаҳои хориҷӣ боздошт шудаанд, баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG