Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дин дар соли 2010: Фишор бештар буд ё озодӣ?


Муносибат ё бархӯрди мақомоти расмии Тоҷикистон бо аҳли дин дар соли 2010 ба “муносибати мушкил” табдил ёфтааст. Соле, ки мақомот мубориза бо ҳиҷобдоронро дар мактабу бозор идома бахшида, соҳибони риши баландро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, дар пайи таҷлил аз соли Имом Абӯҳанифа, “оғӯш”-и ҳукумат ба сӯйи диндорон бозтар шуда, нармише дар муносибати давлат бо аҳли дин ба мушоҳида мерасид.

Муносибати мушкил”

Соҳибназарон мегӯянд, мақомоти расмӣ дар соли 2010 ба далели мубориза ва ҷилавгирӣ аз тундгароӣ, фишор болои аҳли динро бештар карда, хатти шадидтаре дар муқобили ҳаракатҳои динӣ гирифтаанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико низ дар охирин гузориши худ дар бораи озодиҳои мазҳабӣ навиштааст, “Қонун дар бораи озодиҳои динӣ, ки дар Тоҷикистон ба тасвиб расид, ҷараёни боз кардани ибодатгоҳҳо ва мадрасаҳои диниро таҳти назорати шадид қарор додааст.”

Фаридуни Ҳодизода, раҳбари Академияи “Муколама” дар Тоҷикистон мегӯяд, агарчӣ ин талошҳои давлат ба нафъи дини ислом дар кишвар аст, вале бархӯрд набояд ба ин шева сурат мегирифт.

“Муносибат ҳоло камтар халалдор шудааст. Чунки чанд нафарро боздошт карданд, мисли ин. Аммо методҳое, ки онҳо истифода карданд, камтар сахттар буд. Инро бояд камтар ба таври алтернативӣ анҷом дод. Репрессивӣ набояд бошад. Бештар бо мардум сӯҳбат кард. Зеро мардум ҳама вақт мефаҳмад”,-афзуд вай.

“Эҳё”-и Кумитаи дин

Давлати Тоҷикистон, ки то ҳол таҳияи Консепсия ё барномаи сиёсати давлатӣ оид ба динро анҷом надодааст ва назорати умури диниро дар чанд соли ахир вазорати фарҳанг ӯҳда мекард, дигарбора Кумитаи динро ташкил дод.

Кумитаи дини Тоҷикистон аз сохторҳои муҳими давлати кишвар ба ҳисоб рафта, танзими фаъолияти муассисаҳои динӣ, таҳқиқи адабиёти мазҳабии воридшуда, ташхиси мавъизаи рӯҳониён ва сафари шаҳрвандон барои адои маросими Ҳаҷро анҷом медиҳад.

Сайидаҳмади Қаландар, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, давлат маҷбур шуд, ки барои таъмини амният ва назорати ҷиддӣ аз болои фаъолияти муассисаҳо ва ҷараёнҳои динӣ дар кишвар, Кумитаи динро дубора “эҳё” кунад.

“Барои нигаҳ доштани амният, оромӣ, аз таассуби диниву мазҳабӣ нигоҳ доштан, барои садд гузоштан дар роҳи ворид шудани мазоҳибе, ки аслан заминаҳои бумӣ дар ин ҷо надоштанд, фаъолияти кумитаи нав таҳти сарпарастии раёсати ҷумҳур имконияти бештар медиҳад. Ба ҳамин далел ин кумита ҷудо карда шуд.”

Бозгашти донишҷӯён

Дар ҳамин ҳол, бо нигаронӣ аз афзоиши исломгароён дар Тоҷикистон, раиси ҷумҳур аз волидоне, ки фарзандонашон дар мадориси динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, даъват намуд, то онҳоро ба ватан бозхонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи август дар як суханронии худ гуфт, аксари онҳое, ки дар мадрасаҳои ғайрирасмии динии кишварҳои исломӣ таълим мегиранд, на мулло, балки ифротгаро ва ҳатто террорист мешаванд.

Дар пайи ин даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон, то кунун ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, ҳудуди 1 ҳазору 200 тан аз донишомӯзон аз Покистон, Эрон, Афғонистон, Миср ва Арабистони Саудӣ бозгаштаанд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, бозпас овардани донишомӯзон монеъ шудан барои таҳсили онҳо набуда, балки як роҳи ҷилавгирӣ аз тундгароист.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло бештар аз 800 тани дигар аз донишомӯзони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд, ки бояд ба зудӣ ба кишвар оварда шаванд.
Ҳамчунин, дар вазорати маорифи Тоҷикистон кумисюни махсусе таъсис ёфтааст, ки акнун аризаи донишомӯзонро барои ворид шуданашон ба донишгоҳҳои кишвар баррасӣ мекунад.

Донишомӯзоне, ки аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ омада, аксаран аз сӯҳбат ва ҷузъиёти зиндагии худ дар хориҷ худдорӣ мекунанд.

Раҳбари нави Шӯрои уламо

Дар соли 2010, дар пайи даргузашти Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, собиқ муфтӣ ё раҳбари Шӯрои уламои маркази исломӣ, Саидмукаррами Абдулқодирзода ба раҳбарии ин Шӯро интихоб гардид.

Раиси нави шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдулқодирзода, хатмкардаи Донишгоҳи байналмиллалии Исломободи Покистон буда, аз ин пеш дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Кумитаи дини Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Таҳлилгарон ва ҳамчунин масъулини ниҳодҳои динии Тоҷикистон бар ин назаранд, ки таҷрибаи зиёди кории раиси нав фаъолияти Шӯрои уламоро тақвият хоҳад бахшид.

Сайидмукаррами Абдулқодирзода баъд аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода нафари дуввум аст, ки кадри донишгоҳҳои исломии хориҷӣ буда, ба мақоми раиси Шӯрои уламо расидааст.

Ҳукми “салафиҳо” ва “таблиғиҳо”

Дар идомаи соли 2010 низ ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон даҳҳо танро ба гумони узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи динӣ, аз ҷумла Ҷамоати таблиғ, Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҳизби Таҳрир боздошт карданд. Даҳҳо тани дигар барои узвияташон дар ҷараёнҳои мамнӯъи мазҳабӣ пушти панҷараи зиндон нишастанд.

Аз ҷумла, дар ин сол нахустин гурӯҳи ҳафтнафарии пайравони “Салафия”, ки фаъолияташ дар соли 2009 мамнӯъ эълон шуда буд, ба мӯҳлатҳои аз 5 то 7 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар моҳи январи соли 2010 Эшони Сироҷиддин, рӯҳонии маъруф дар кишварро бо шаш тани дигар, ки дар миёни онҳо писари нуздаҳсолаи ӯ низ буд, ба зиндон фиристод.

Марҳабо Турдиматова, додраси парванда, ки ҳукми онҳоро мехонд, гуфт, ки ҳафт тан аз пайравони “Салафия” “барои барангехтани кинаву хусумати динӣ ва эҷоди ихтилоф маҳкум шуданд.”

Вай афзуд, “Дар вақти гузоштани намоз дар охири сураи фотиҳа оминро баланд мегуфтанд ва рафъи ядайн, яъне дастҳоро пеш аз рукӯъ ва баъди он боло мекарданд. Дар ҳамин ҷо ихтилоф дар миёни мусулмонон дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи март ҳукми 56 тан ва дар моҳи майи ҳамин сол, додгоҳи вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи гурӯҳи 36-нафарии Ҷамоати таблиғро ба анҷом расонида, даҳҳо нафари онҳоро ба солҳои гуногун равонаи зиндон кардааст.

Қатъи намозгузорӣ дар ҲНИТ

Дар ин сол баҳси миёни Кумитаи умури дини Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ бар сари намозгузории як гурӯҳ дар қароргоҳи ин ҳизб аланга гирифт. Дар оғоз ду ҷониб мутмаин буданд, ки ин масъаларо аз рӯйи ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд ҳал бикунанд, то на сих сӯзаду на кабоб.

Вале вазорати адлияи Тоҷикистон дар асоси як номаи Кумитаи умури дин, ки хондани намоз дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломиро ғайриқонунӣ донистааст, ба ин ҳизб нома навишта, таъкид кард, ки агар онҳо ба гузоштани намоз дар қароргоҳи ҳизб хотима набахшанд, фаъолияти ҳизби онҳо барои муроот накардани қонунҳои кишвар мутаваққиф хоҳад шуд.

Дар пайи ин, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ тасмим гирифт, ки фаъолияти масҷид дар қароргоҳи ин ҳизб қатъ шавад. Тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи бастани масҷид дар намози ҷумъаи 26 ноябр дар маркази ҲНИТ эълон шуд. Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, акнун онҳо ба намозгузории худ дар қароргоҳи ҳизбашон хотима бахшидаанд.

Тапидан”-ҳои “Шоҳидони Яҳво”

Аммо имсол низ чун як соли қабл созмонҳои динии ғайриисломӣ оромиро ихтиёр карда буданд ва гӯиё онҳо бо давлат коре надоштанду давлат бо онҳо.

Вале ҳамчунон баҳси Шоҳидони Яҳво дар додгоҳҳои кишвар идома кард. Зафар Раҳимов, як фаъоли Шоҳидони Яҳво дар шимоли Тоҷикистон мегӯяд, агарчанде додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати онҳо анҷом надод, Шоҳидони Яҳво баҳси худро дар додгоҳҳои дигар идома хоҳанд бахшид.

Шоҳидони Яҳво дар соли 2007 аз тарафи вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла таблиғи густарда барои саркашӣ аз хидмат дар сафи артиш манъ карда шуд.

Яҳудиёни Тоҷикистон барои аввалин бор, баъд аз он, ки соҳиби як манзил шуданд ва онро ба унвони каниса пазируфтанд, ҷашнҳои мазҳабии худро таҷлил намуданд. Имсол даҳҳо тан аз пайравони яҳудия тавонистанд, ки ҷашни Ҳанукаро дар манзиле, ки Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба онҳо ҳадя додааст, таҷлил кунанд.

2011: Чӣ дар пеш аст?

Акнун, бо ишора ба ҳаводисе, ки дар соли 2010, бахусус, дар робита ба масъалаи тундгароии ҷавонон иттифоқ уфтод, коршиносон мегӯянд, мақомот дар соли 2011 назорат аз болои гурӯҳҳои динӣ ва рӯҳониёнро шиддат хоҳанд бахшид.

Коре, ки аз назари мақомот дар айни ҳол барои поин бурдани мизони ифротгароӣ зарур аст, аммо аз нигоҳи диндорон метавонад боз ҳам ифротгароӣ дар кишварро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG