Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани рекломи Тоҷикистон зимни як нома изҳор доштааст, ки аз 1-уми майи соли равон, шабакаҳои телевизионии давлатӣ аз ҷой додани эълонҳои ширкатҳои мобилӣ саркашӣ мекунанд.

Далер Маҳмадалибеков, раиси ин ниҳод ба радиои Озодӣ гуфт, миёни шабакаҳои «Сафина», «Шабакаи аввал» ва ширкатҳои мобилӣ созишномаҳо вуҷуд доранд, ки бояд то охири сол рекломи ахириҳоро тариқи телевизион пахш мекарданд, аммо шабакаҳо масъулиятҳои худро иҷро накардаанд.

Оқои Маҳмадалибеков афзуд: «Хоҳиши мо ин аст, ки ба мо шарҳ диҳанд «оё манъи рекломи ширкатҳои мобил бар кадом асос сурат гирифтааст?» Мутаассифона, на ба ширкатҳои мобил, на ба оҷонсиҳои реклом сабабҳоро касе шарҳ надод. Телевизионҳо дар бораи даст кашиданашон аз созишномаҳо ҳам чизе нагуфтаанд. Мавқеи мо хеле содда аст. Мо хоҳиш дорем, ки ба мо фаҳмонанд, чаро наворҳои реклом аз эфир гирифта шуданд ва чаро то ба ҳол онҳоро иҷоза намедиҳанд?»

Раиси Анҷумани реклом ин навъи бархурдро мухолифати ошкор ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ унвон карда, афзуд, ин амал тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Тибқи иттилои Анҷумани рекломи Тоҷикистон, соли 2009 аз ҳисоби эълонҳо ба хазинаи телевизионҳо 555 ҳазору 687 доллар ворид шудааст. Аммо баъд аз манъи реклом аз моҳи май ба ин сӯ, шабакаҳои телевизионӣ аз ин маболиғ маҳрум шудаанд.

Тибқи ин манбаъ, тариқи телевизионҳои «Сафина» ва «Шабакаи аввал» асосан 4 ширкати мобилӣ, аз қабили Tcell, Билайн, МЛТ ва ТК-мобайл реклом пахш мекарданд.

Мақомот: «Мавзӯъ дар ҳоли омӯзиш аст»

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон аз тафсири мавзӯъ худдорӣ карда, гуфт, ин мавзӯъ дар ҳоли омӯзиш аст. Аммо яке аз масъулини тиҷоратии телевизион гуфт, далоили манъи реклом аз сӯи раҳбарият шарҳ дода намешавад ва масъала дар сатҳи «боло» ҳал мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Баҳриддин Садриддин, сарвари ширкати мобилии Tcell мегӯяд, барои ӯ низ сабабҳои манъи пахши эълону реклом тариқи телевизионҳои «Сафина» ва «Шабакаи аввал» маълум нест ва ба муроҷиатҳои ширкат, раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизион посухи хаттӣ ва ҳатто шифоҳӣ надодаанд. Вай афзуд, ин вазъ бештар барои ширкати ӯ ногувор афтодааст:

«Ширкатҳои маҳаллие, ба монанди Tcell аз ин вазъ зарар мебинанд, зеро Билайн тариқи телевизионҳои русӣ, ки тариқи моҳвораҳо барои мардуми Тоҷикистон дастрас ҳастанд, реклом мешаванд. Онҳо шояд парвое надоранд. Аммо дар ин самт мо заъиф мешавем. Вазъ беҳбуд ёбад, ба нафъу мову телевизионҳо мешавад»

Ба гуфтаи оқои Садриддинов, Tcell аз моҳи майи 2009 то 2010 фақат ба «Сафина»-ву «Шабакаи аввал» 700 ҳазор сомонӣ маблағи реклом додааст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 50 ҳазор сомонии дигар барои телевизионҳо барои реклом интиқол дода шудааст. Вай афзуд, барои ин маблағ даъво нахоҳанд кард, зеро музокиротеро дар бораи таҷдиди пахши реклом бо масъулини телевизионҳо анҷом доданианд.

Маҳдудият дар фаъолияти ширкатҳи мобилӣ

Манъи рекломи ширкатҳои мобил тариқи телевизионҳои давлатӣ ба дунболи интиқоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сарфи маболиғи бузург барои телефонҳои мобил иттифоқ афтодааст, ки дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ моҳи апрел садо дод. Он замон шаҳрдории Душанбе ба кандани лавҳаҳои эълону рекломи ин ширкатҳо аз кӯчаҳои шаҳр иқдом кард ва низ телевизионҳои давлатӣ чандин гузоришеро дар бораи зарари телефонҳои ҳамроҳ ба саломатии инсон таҳия карданд.

Моҳи ноябри соли равон ба баррасии парлумони кишвар, Қонун дар бораи ситонидани молиёти аксизӣ аз хадамоти телефони мобилӣ низ расидааст, ки андози изофагии 3 фоизаро барои истифодаи хадамоти телефони мобил пешбинӣ мекунад.

Ахиран вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостори ба танзим даровардани антенҳои ширкатҳои мобилӣ дар Душанбе шуд. Вазорат бар ин аст, ки антенҳо ба саломатии одамон зиён мерасонанд ва аз ин хотир, бояд аз боми донишгоҳҳову баландошёнаҳои барканда шаванд.

Коршиносон мегӯянд, хадамоти мобилӣ ягона соҳаест, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ пешсаф аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG