Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои чопи Душанбе дар охирин шумораи худ дар соли 2010, бурду бохт ва рухдодҳову чеҳраҳои маъруфи ин солро муайян кардаанд. Ба навиштаи онҳо, фурӯши саҳмияҳои Роғун, банд мондани қаторҳои Тоҷикистон дар Узбакистон, роҳи пулакӣ, фирори 25 маҳбус, таркиши Хуҷанд ва нооромиҳои Рашт, аз муҳимтарин ҳодисаҳои сол ба ҳисоб мераванд.

“Азия плюс” дар саҳифаи аввали худ навиштааст, ки “соли 2010 пур аз ҳаводиси ғайримунтазира ва гуногун буд.”

Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба ҳафтаномаи “Нигоҳ” гуфтааст, “соли 2010 на ибтидояш нек буд ва на интиҳояш ба некӣ анҷомид.”

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди дафтари раёсати ҷумҳурӣ низ ба ин ҳафтанома гуфтааст, ки “дар соли 2010 имкониятҳои бохт дар Тоҷикистон зиёд буданд...”

Ки хабар месозад ва киро хабар сохтааст?

Озодагон” афроди хабарсози Тоҷикистонро раддабандӣ кардааст, ки дар қатори аввали ин феҳраст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҳафтанома навиштааст, “танҳо Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳодисаву рухдодҳоро хабарсоз мекард.”

Мирзоалӣ Болтуев, Муҳиддини Кабирӣ ва Раҳматилло Зоиров дар як қатор ҷо гирифта, афроде ба шумор меоянд, ки ҳодисаҳо онҳоро хабарсоз кардааст. Вале Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки имсол Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар боздошт ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, Русияро муттаҳам кард ва 30 ҳазор евро ҷуброн хост, дар қатори чеҳраҳоест, ки худ хабарсоз будаанд.

Дар ин қатор аз Бобоҷон Бобохонов-собиқ додситони кулл, Ислом Каримов- раиси ҷумҳури Узбакистон, Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъ, Бозор Собир- шоири тоҷик, Ҷамолиддин Нуралиев-домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва муовини вазири молия ва Фарзонаи Хуршед-овозхони ҷавони тоҷик низ ном бурда шудааст.

“Миллат” низ рӯйхати чеҳраҳои солро ба нашр расондааст, ки дар ин қатор Сайидумар Ҳусайнӣ ҳамчун вакили сол, Саймурод Фаттоев ҳамчун мушовири сол ва Олим Бобоев, ҳамчун вазири сол номида шудаанд.

Соле дар ҳасрати Мулло Абдулло

“Миллат” дар саҳифаи аввали худ акси Мулло Абдуллоро ҷо дода ва навиштааст, ки “сол тамом шуд, аз Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ дараке нест.”

Ин ҳафтанома менависад, ҳаводиси хунбори Камаробу ноамниҳои Рашт суолҳои зиёдеро ба ҷо гузоштааст, ки то ҳанӯз ба онҳо посухе гуфта нашудааст. Аз ҷумла ба ин суолҳо, ки гурӯҳи Мулло Абдулло аз чанд нафар иборат аст ва онҳо аз куҷо маводи ғизоиву либосро дастрас мекунанд?

Аз тамаллуқкорӣ то ду санади Викиликс

“Эстафетаи тамаллуқкориро идома медиҳем”. Зери ин сарлавҳа “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ навиштааст, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо варзишкорон, сенарияи пештара, яъне ба ҷои пешниҳод, ҳамду саногӯӣ ва васфу маддоҳӣ садо дод. Дар ҳоле, ки ба нигоштаи муаллифи ин матлаб, чанде пештар Владимир Путин, нахуствазири Русия бо мардуми кишвараш гуфтугӯи мустақим дошт, вале ҳич кадом аз саволдиҳанда сухани худро аз мадҳу ситоиш оғоз накард.

“Нигоҳ” ин ҳафта ду санади дигар аз мухобироти сафорати Амрико дар Душанбе ба Вашингтонро мурур кардааст. Ду санаде, ки ба ду сафири пешини Амрико дар Тоҷикистон - Ричард Ҳоугленд ва Трейсӣ Ҷейкобсон мутаалиқ аст. Ин ду санад аз ҷумлаи санадҳои дипломатии маҳрамонаест, ки Викиликс онро ҷаҳонӣ кардааст ва дар номаи аввал сӯҳбати сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд бо Эмомалӣ Раҳмон ва назари ӯ дар бораи Русия оварда шудааст.

Телевизионҳо аз таблиғ даст кашидаанд?

Азия плюс” ин ҳафта номаи раиси Анҷумани рекламаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар он аз пахш нашудани видероликҳо дар бораи таблиғи ширкатҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Мамадалибеков, раиси Анҷумани рекламаи Тоҷикистон навиштааст, ки шурӯъ аз моҳи майи имсол, шабакаҳои давлатии Тоҷикистон бо вуҷуди ӯҳдадориҳояшон аз рӯйи қарордод, пахши видеороликҳои ширкатҳои мобилиро рад кардаанд.

Дар ин нома омадааст, ки танҳо дар идомаи соли 2009 ширкатҳои мобилӣ барои таблиғи худ бештар аз ним миллион доллар ба шабакаҳои телевизионӣ супорид буданд ва дар соли 2010 буҷа як чунин фоидаро аз даст дод.

Дар поёни ном гуфта шудааст, ки дар сурати посухи мусбат надодани Кумитаи радио ва телевизион, Анҷумани рекламаи Тоҷикистон ин масъаларо ба идораҳое хоҳад кашонд, ки ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

“Кӣ мепаррад?”

Озодагон” дар нашри тозаи худ ба масъалае пардохтааст, ки дар гузашта дар ин шабу рӯз муҳимтарин мавзӯъ ба ҳисоб мерафт. Манзур ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар пайи он чанд нафар аз кор бекор мешуданду чанд нафари дигар танқид мешуниданд ва чандеи дигар ба зинаҳои болотаре қад мекашиданд.

“Кӣ мепаррад?” сарлавҳаи матлабе дар “Озодагон” аст, ки муаллифи он навиштааст, эҳтимол имсол Абдураҳим Қаҳҳоров-вазири дохилии Тоҷикистон, Нусратулло Салимов-вазири беҳдошт, Ҳайбулло Латипов- раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Олим Бобоев- вазири роҳу мухобирот ҷойи худро иваз кунанд.

Ин ҳафтанома бо вуҷуди он, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷии Тоҷикистонро “вазири муваффақ” хондааст, вале навиштааст, ки шояд барои "амрикогароияш" ва он фошгӯиҳое, ки Викиликс дар бораи ӯ ҳам гуфт, аз мақомаш барканор шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG