Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико раводиди сафири Венесуэларо лағв кард


Амрико раводиди сафари сафири Венесуэла дар Вошингтонро лағв кард, ки ин зоҳиран посух ба радд шудани сафири Амрико аз сӯи Каракас мебошад. Франс Пресс навишт, ки муовини вазири хориҷаи Венесуэла Темир Поррас дар бораи лағви раводиди сафари сафири ин кишвар Бернардо Алварес дар паёме тавассути сомонаи Twitter хабар додааст. Як дипломат бидуни бурдани ном ба Ройтерс низ ин хабарро тасдиқ кард. Аммо шарҳи расмие аз сӯи вазорати хориҷаи Амрико ҳанӯз нашр нашудааст. Венесуэла қаблан номзадии Ларрӣ Палмер, намояндаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обамаро ба ҳайси сафир дар Каракас напазируфт.
XS
SM
MD
LG