Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Некляев дар зиндон бад шудааст


Вакили мудофеъи Владимир Некляев дар бораи вазъи сиҳҳати муваккилаш изҳори нигаронӣ кардааст. Некляев ҳамроҳ бо рақибони дигари раисиҷумҳур Аляксандр Лукашенка дар интихоботи рӯзи 19 декабри раёсатҷумҳурии Беларус дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботӣ боздошт шуд ва инак 11 рӯз боз дар маҳбас ба сар мебарад. Вакили Некляев гуфт, ки ӯ аз фишори хун ранҷ мебарад ва бояд билофосила ба бемористон мунтақил шавад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Беларус Некляев ва се номзади дигари интихоботиро ба “созмондиҳии фаъолиятҳое, ки мунҷар ба ошӯб шуд” айбдор кардаанд. Дар сурати дайн шудани ин иттиҳом, онҳо метавонанд то 15 сол ҳукми зиндон бигиранд. Бино ба хабарҳо, аз 600 нафаре ки дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии Беларус дастгир шуданд, то имрӯз фақат нисфаш аз боздошт раҳо ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG