Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 5 гумонбари терроризм дар Данияву Шветсия


Мақомоти иктишофии Дания 4 нафарро бо гумони таҳияи ҳамлаи “ногузир”-и террористӣ алайҳи рӯзномаи "Jyllands-Posten", ки тасвирҳои танзомези паёмбари Исломро нашр карда буд, боздошт кардаанд. Хадамоти амниятиву иктишофии Дания (PET) мегӯяд, се тан аз ин шумор атбоъи Шветсия буда, шаби сешанбе ба чоршанбе вориди Дания шудаанд. Ҳамаи боздоштшудагон решаи арабӣ доранд. Сухангӯи Ожонси иктишофии Шветсия (Saepo) гуфт, нафари панҷум дар иртикоби ин қасди ҳамла дар ин кишвар боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG