Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Роғун 95 миллион доллар сарф шудааст


Бино ба иттилоҳи ширкати саҳомии “Нирӯгоҳи Роғун”, ки дар сомонаи вазорати молияи Тоҷикистон нашр шуд, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз буҷа 420 миллион сомонӣ, ё худ тақрибан 95 миллион доллар, масраф шудааст. Тайи се соли қаблӣ аз буҷа ба манзури сохтмони ин нирӯгоҳ 684 миллион сомонӣ иттихоз шуда, имсол аз роҳи фурӯши саҳмияҳои Роғун ба суратҳисоби ширкати масъули ин сохтмон 820 миллион сомонӣ ворид шудааст.
Ҷамъи ҳазинаи сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистони камбарқ фавқулодда муҳими Роғун беш аз 2 миллиард доллар, баровард шуда, тарҳи ин сохтмон ба мухолифати шадиде аз сӯи Узбакистон рӯбарӯст. Тошканд бар ин бовар аст, ки баъди эҳдоси ин нирӯгоҳ заминҳои кишташ беоб хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG