Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи як мунаққиди тарҳи Роғун


Додситонии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд алайҳи як сокини 69-солаи ҷамоати ба номи Алиеви ин ноҳия бо иттиҳоми барангехтани низоъи қавмӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомоти вилояти Суғд ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, Абдусаттор Бобоев дар байни намозгузорони масҷиди Ҳазрати Алӣ тухми адовати қавмӣ мекошт. Ба гуфтаи ин манбаъ, Бобоеви 69-сола сиёсати давлати Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ҳамеша нодуруст номида, мегуфт, маҳз ҳамин мавзӯъ боиси сӯитафоҳум ва таниш дар равобити Узбакистон бо Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG